Марҳилаи интихобии ЧО-2016: нишасти хабарӣ дар меҳмонхонаи “Хаятт Риҷенсӣ” мегузарад – Федерация Футбола Таджикистана

Марҳилаи интихобии ЧО-2016: нишасти хабарӣ дар меҳмонхонаи “Хаятт Риҷенсӣ” мегузарад

Ба таваҷҷӯҳи рӯзноманигорон!!! Пагоҳ, 1 октябр, дар арафаи баргузории марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 дар гурӯҳи “F”, дар меҳмонхонаи “Хаятт Риҷенси Душанбе” (конфронс толори Торонто, ошёнаи 2-юм) нишасти хабарии пеш аз оғози мусобиқа доир мегардад. Оғози нишасти хабарӣ соати 11.30. 

Ба суолҳои рӯзноманигорон сармураббиёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19 солаи Тоҷикисон, Ироқ,Баҳрайн ва Молдив посух медиҳанд. Ҳамаи кормандони ВАО-ро барои иштирок дар ин нишасти хабарӣ даъват менамоем.

Барои маълумоти муфассалтар метавонед бо телефонҳои 911100014, 918667387 ба роҳбари дафтари матбуоти ФФТ Фаридун Солиев дар тамос шавед.

Добавить комментарий