Мактаббачаҳои Истаравшан ғолиби сабқати “Тӯби чармин” шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Мактаббачаҳои Истаравшан ғолиби сабқати “Тӯби чармин” шуданд

Рӯзи панҷшанбеи 10 сентябр, дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии Душанбе марҳилаи ниҳоии сабқати ҷумҳуриявӣ барои дарёфти мукофоти “Тӯби чармин”, дар гурӯҳи аз ҳама хурди мусобиқа, байни кӯдакони солҳои таваллудашон 2002-2003 анҷом ёфт.

Дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа шаш даста ба ду гурӯҳ ҷудо шуда бо ҳам рақобат карданд. Мувофиқи тартиби баргузории мусобиқа ғолибони гурӯҳҳо дар бозии финалӣ бо ҳам рӯбарӯ шуданд. Дастаҳои ҷои дуюми гурӯҳҳо барои ҷоизаи биринҷии мусобиқа ба ҳам вохӯрданд.

Ғолиби мусобиқа дастаи мактаббачагони “Гимназияи МИИ”-и шаҳри Истаравшан гардид. Мактаббачагони гимназия дар рақобати шадид бар дастаи “Мактаби № 10”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҳисоби 3 бар 2 пирӯз шуданд. Медалҳои биринҷии мусобиқа бошад, насиби дастаи футболи кӯдакони мактаби № 23-и пойтахт шуд. Мактаббачагони пойтахт бар ҳамсолони худ аз мактаби № 1-и ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисоби минималии 2 бар 1 дастболо шуданд.

Дар маросими мукофотонии ғолибон ноиби президенти ФФТ, раиси Федератсияи футболи Душанбе Дилшод Ҷӯраев, сардори департаменти футболи кӯдакону наврасон ва футболи оммавии ФФТ Анваршо Мирзоев ва муовини раиси ФФД Увайдо Давлатбеков ширкат карда, ҷоизадоронро бо ҷому медалҳо ва ифтихорномаҳои фахрӣ сарфароз гардонданд.

Кумитаи тадорукотӣ инчунин беҳтарин бозигарони мусобиқаро низ бо тӯҳфаҳои таъсисдодаи худ қадрдонӣ намуд. Ҷовид Фузайлов аз “Гмназияи МИИ” беҳтарин дарвозабон эътироф шуд. Беҳтарин бозигарони дастаҳо Набиҷон Нарзуллоев (“Гимназияи МИИ”-и Истаравшан),  Содиқҷон Қурбонов (“Мактаби № 21”-и Абдураҳмони Ҷомӣ) ва Умед Сафаров (“Мактаби № 23-и Душанбе) дониста шуданд.

SAMSUNG CAMERA PICTURESSAMSUNG CAMERA PICTURESSAMSUNG CAMERA PICTURESSAMSUNG CAMERA PICTURES

Добавить комментарий