Сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон Мӯҳсин Муҳаммадиев дар нишасти хабарии баъди бозии дӯстона бо мунтахаби Сурия (2:3) бозии дастаашро таҳлил намуд.
– Мунтахаби Сурия нисбати мо таҷрибаи бештар дорад. Онҳо муддати зиёде шуд, ки якҷоя бозӣ мекунанд. Гузашта аз ин, бештари бозигарони даста дар клубҳои футболи пешқадами арабӣ баромад мекунад. Бори аввал, ки ман диски бозии мунтахаби Сурияро тамошо кардам, бисёр маъқулам афтод. Рости гап, ман аз босуръат бозӣ кардани онҳо хавотир мекашидам. Онҳо бисёр бо суръати тез футбол бозӣ мекунанд ва аз муҳофизат якбора панҷ-шашнафара ба ҳуҷум мегузаранд. Ва хавотир шавии ман имрӯз дуруст баромад. Аз ҳамин ҳисоб, яъне босуръат бозӣ кардан онҳо нисбати мо афзалият доштанд. Мутаассифона, мо натавонистем, ки бар муқобилашон истодагарӣ кунем.
– Вақте ки даста бозиро бой медиҳад, мураббӣ гунаҳкор аст, вақте ки даста ғалаба мекунад, ҳама ғолиб мешаванд… Бозигаронеро, ки шумо дар қисми дуюм ба майдон баровардед, агар аз дақиқаҳои аввали бозӣ дар майдон мешуданд, шояд ҳисоби бозӣ дигар мешуд?
– Ин қонуни нонавиштаи футбол аст, ки: мураббӣ бой медиҳад, аммо даста бурд мекунад. Ин қонунро на мо фикр карда баровардем. Қисми дуюми суоли шумо бошад, латифаеро ба хотир меорад, ки агар бибӣ, бобо мебуд….
Ман фикр мекунам, ки нақшаи мо дар бозӣ муқаррарӣ буд. Аммо айни замон дар ҳақиқат суриягиҳо нисбати мо пурқувваттаранд. Боз мегӯям, ки ин даста ба ман маъқул шуд. Бозигарони тими Сурия нисбати бозигарони мо босуръаттар бозӣ мекунанд. Аз лиҳози техникӣ ҳам онҳо нисбат ба бозигарони мо афзалият доранд. Новобаста ба ин ҳама, имрӯз мо имконияти мағлуб нашуданро доштем. Мутаассифона, лаҳзаҳои амалинашуда дар футбол ба ҳисоб гирифта намешаванд. Фақат голҳо ҳисоб мешаванд. Бо вуҷуди оне, ки суриягиҳо дар бозӣ аз мо афзалтар буданд, агар кор омад мекарду Ҳамроқулов голи дуюмашро мезад, бозӣ мусовӣ анҷом мешуд. Ғалаба ҳам мекардем? Фикр мекунам, ки на. Дар имрӯз Сурия таҷрибаи бештар дорад ва дараҷаи касбияти бозигаронаш нисбати мо баландтар аст.
– Барои чӣ шумо маҳз мунтахаби Сурияро ба ҳайси рақиб дар бозии дӯстона интихоб кардед? Дар ҳоле ки метавонистед, бо рақиби сусттар бозӣ карда, ғолиб шавед ва ҳам мухлисонро шод кунеду ҳам дар раддабандии ФИФА соҳиби имтиёзҳо шавед?
– Баръакс, дар арафаи бозиҳои интихобии чемпионати ҷаҳон-2018 ба мо лозим аст, ки бо рақибони пурқувват бозӣ кунем, то ки камбудиву хатогиҳоямонро бинему ислоҳ кунем. Аз оне ки бо дастаҳои суст бозӣ карда ғолиб мешавем, футболамон бурд намекунаду пеш намеравад ва мо тайёр намешавем. Бо дастаҳои пурқувват бозӣ карда, таҷрибаи бозигаронамон баланд мешавад.
– Ба шумо чунин наменамояд, ки капитани мунтахаби мо Дилшод Восиев имрӯз ниҳоят суст бозӣ кард?
– Дилшод лат бардошта буд ва ҷароҳат дошт. ӯ ҳар қадаре, ки метавонист, ба ҳамон андоза истодагарӣ кард.
– То оғози марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 мунтахаби мо боз ягон бозии дӯстона мегузаронад?
– Мо ба нақша дорем, ки дар моҳи май бо мунтахаби Кувайт дар Душанбе бозии дӯстона гузаронам. Гуфтушунидҳо рафта истодаанд ва онҳо ваъда карданд, ки ба Тоҷикистон меоянд.