Дастаи футболи наврасони Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ (МҶМОВ) зери роҳбарии сармураббӣ Носир Ҳамидов ғолиби сабқати анъанавии ҷумҳуривӣ барои дарёфти Ҷоми газетаи «СССР» шуд.
Мусобиқа имрӯз дар варзишгоҳи марказии Душанбе ҷамъбаст гардид. Дар бозии финалӣ наврасони МҶМОВ ва Академияи «Истиқлол» вориди рақобат шуданд. Бозӣ хеле ҷаззобу шавқовар сурат гирифта, бо ҳисоби 3 бар 2 ба фоидаи футболбозони Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзиш оид ба футбол анҷом ёфт.
Дар бозӣ барои ҷои сеюм наврасони «Равшан»-и Кӯлоб бар «Локомотив»-и Душанбе бо ҳисоби минималии 1 бар 0 дастболо шуданд.
Баъд аз анҷоми бозии финалӣ маросими ифтихории мукофотонии ғолибону ҷоизадорони мусобиқа баргузор шуд. Дар маросими мукофотонӣ Носир Бозоров – сардори раёсати тарбияи ҷисмонии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сайёфи Мизроб – сардабири газетаи СССР, Анваршо Мирзоев – роҳбари департаменти футболи қудакону наврасон оммавии ФФТ ва Алишер Урунов – менеҷери Лигаи миллии футболи Тоҷикистон ширкат намуда, мукофотҳоро ба ғолибону ҷоизадорон тақдим карданд.
Зайниддини Зидан аз (ФШШН), Фаррухи Гулмурод («Фирӯз»), Ҳамза Аҳтамов аз («Локомотив»), Ҳалимҷони Насим аз («Равшан»), Исмоил Каримов аз («Истиқлол») ва Файзалӣ Ризоев аз (РШВСМ) беҳтаринҳои ин сабқат эътироф шуданд.
Дар охир сардабири газетаи «СССР» Сайёфи Мизроб ба президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва ба раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ҷиҳати мусоидаташон дар ташкилу баргузории ин мусобиқа сипосномаи вежаи худро баён сохт.
Ёдрас мешавем, ки мусобиқаи имсола аз рӯи ҳисоб ҳаштумин сабқатест, ки аз ҷониби редаксияи газетаи «СССР» дар мувофиқати бевосита бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон гузаронида мешавад.