Сармураббии мунтахаби Бангладеш Людовик Де Круиф дар нишасти хабарии пеш аз бозии даври дуюми марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 бо мунтахаби Тоҷикистон изҳор караднд, ки тими миллии Тоҷикистон аз ҳар ҷиҳат пурқувват ҳаст ва бозӣ барои шогирдони ӯ душвор хоҳад буд.
Людовик Де Круиф, сармураббии мунтахаби миллии Бангладеш:
– Мо бозии рақиби навбатии худро бо Урдун тамошо кардем ва гуфта метавонам, ки Тоҷикистон дастаи аз ҳар ҷиҳат пурқувват аст. Аммо аз оне, ки мо дар хонаи худ бозӣ мекунем бартарият дорем. Аз бозӣ бо Қирғизистон таҷриба бардоштем. Мо умедворем, ки пагоҳ мухлисони зиёд ба варзишгоҳ омада моро дар ин бозии бисёр вазнин дастгирӣ мекунанд.
Мамунул ИСЛОМ, капитани мунтахаби Бангладеш:
– Тоҷикистон – командаест, ки тақрибан дар дараҷаи мунтахаби Қирғизистон. Ман чунин ҳисоб мекунам, ки Тоҷикистон нисбати мо пурқувваттар аст. Мо барои ғолиб шудан тамоми қувватамонро сарф хоҳем кард. Мо ҳеҷ гоҳ бо мақсади аз ҳариф мағлуб шудан ба майдон намебароем. Кӯшиш мекунем, ки хатогиҳои дар бозӣ бо Қирғизистон роҳ ёфта такрор нашаванд.