Бозиҳои даври шонздаҳуми Лигаи якуми Тоҷикистон доир шуданд. Дар бозии марказии давр “Помир”-и Душанбе дар майдони дуюми Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакиро қабул кард. Бозӣ хеле ҷаззобу шавқовар доир гардида, бо ҳисоби баробари 1 бар 1 анҷом ёфт. Барои дружинаи Зайниддин Раҳимов ин нахустин мусовӣ дар сабқати имсола мебошад.
Аз ин мусовии “Кӯктош” дастаи “Ҳосилот”-и Фархор зери роҳбарии мураббии соҳибтаҷриба Маҳмадҷон Ҳабибуллоев истифода кард. Фархориҳо дар доираи бозиҳои даври шонздаҳум дар майдони худ бар “Локомотив”-и пойтахт бо ҳисоби бузурги 5 бар 2 дастболо шуданд. Баъди ин ғалаба дастаи Ҳабибуллоев бо 29 имтиёз ба зинаи сеюми ҷадвали мусобиқа баромад. Акнун “Ҳосилот” нисбат ба лидери Лигаи якуми Тоҷикистон “Ҳулбук”-и Восе ҳамагӣ панҷ имтиёз камтар доранд. Дастаи ноҳияи Восе дар даври шонздаҳум бар МТО (Хуҷанд) бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯз шуд.
Бозиҳои навбатии ин мусобиқа рӯзи шанбеи 3 октябр доир мешаванд.
Лигаи якуми Тоҷикистон. Даври 16-ум
«Исфара» — «Чашма» — 3:0
«Саройкамар» — «Зарафшон» — 2:0
«Эсхата» — «Канд» — 2:0
«Ҳосилот» — «Локомотив» — 5:2
«Помир» — «Кӯктош» — 1:1
МТО — «Ҳулбук» — 0:2
Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И | ||
1 | «Ҳулбук» (Восе) | 15 | 10 | 4 | 1 | 25-14 | 34 |
2 | «Эсхата» (Хуҷанд) | 15 | 10 | 2 | 3 | 49-20 | 32 |
3 | «Ҳосилот» (Фархор) | 14 | 9 | 2 | 3 | 26-14 | 29 |
4 | «Саройкамар» (Панҷ) | 15 | 9 | 1 | 5 | 35-13 | 28 |
5 | «Панҷшер» (Румӣ) | 13 | 8 | 4 | 1 | 27-9 | 28 |
6 | «Кӯктош» (Рӯдакӣ) | 14 | 8 | 4 | 2 | 37-22 | 28 |
7 | «Исфара» (Исфара) | 15 | 7 | 1 | 7 | 28-24 | 22 |
8 | «Помир» (Душанбе) | 12 | 5 | 1 | 6 | 20-20 | 16 |
9 | «Чашма» (Шаҳритус) | 13 | 5 | 1 | 7 | 23-31 | 16 |
10 | «Локомотив» (Душанбе) | 15 | 4 | 1 | 10 | 18-36 | 13 |
11 | «Канд» (Канибодом) | 15 | 3 | 0 | 12 | 22-45 | 9 |
12 | «Зарафшон» (Панҷакент) | 13 | 2 | 1 | 10 | 12-28 | 7 |
13 | МТО (Хуҷанд) | 15 | 1 | 0 | 14 | 22-68 | 3 |
Дар даври 17-ум вомехӯранд:
3 октябр (шанбе)
Оғози бозиҳо соати 16:00
«Канд» — «Ҳосилот»
«Ҳулбук» — «Эсхата»
«Зарафшон» — МТО
«Чашма» — «Саройкамар»
«Кӯктош» — «Исфара»
«Панҷшер» — «Помир»