Лигаи дуюми Тоҷикистон дар амал – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи дуюми Тоҷикистон дар амал

Дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бозиҳои марҳилаи минтақавии лигаи дуюми Тоҷикистон идома доранд. Дар минтақаҳои Суғду Хатлон дар мусобиқа 7 дастагӣ ва дар минтақаи Рашт бошад 6 даста, ҷамъ 20 даста иштирок мекунанд.

Дар минтақаи Хатлон баъди ду давр дар ҷадвали мусобиқа “Коммуна”-и Фархор бо шаш имтиёз пешсаф мебошад. Коммуначиёни фархорӣ “Сарҳадчӣ”-и Ҳамадониро бо ҳисоби 4 бар 1 ва “Парвин”-и Бохтарро бо ҳисоби 3 бар 2 мағлуб карданд.

Дар минтақаи Суғд бошад дастаҳои “Спитамен” ва “Оли Сомон” мусобиқаро бобарор оғоз карданд. Дастаи ноҳияи Спитамен дар се даври аввали мусобиқа ғалбаро соҳиб шуд. “Спитамен” бар “Зафаробод” бо ҳисоби 2 бар 0, бар “Қайроққум” бо ҳисоби 6 бар 2 ва бар “Шаҳристон” бо ҳисоби 3 бар 0 пирӯз гардид.

Дар минтақаи Рашт “Меҳргон”-и Нуробод бо 7 имтиёз пешсафи ҷадвали мусобиқа аст. Дар зинаи дуюм бо шаш имтиёз “Сурхоб”-и Ҷиргатол ва дар зинаи сеюм бо панҷ имтиёз дастаи “Рашт”-и ноҳияи Рашт қарор доранд.

 

Лигаи дуюми Тоҷикистон

Минтақаи Хатлон

Даври 1-ум

«Парвин» – «Бешкент» – 4:0

«Коммуна» – «Сарҳадчӣ» – 4:1

«Арал» – «Дӯстӣ» – 2:0

Даври 2-юм

«Дӯстӣ» – «Бешкент» – 7:0
«Сарҳадчӣ» – «Арал» – 4:2

«Коммуна» – «Парвин» – 3:2

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Коммуна» (Фархор) 2 2 0 0 7-3 6
2 «Дӯстӣ» (Қумсангир) 2 1 0 1 7-2 3
3 «Парвин» (Бохтар) 2 1 0 1 6-3 3
4 «Арал» (А. Ҷомӣ) 2 1 0 1 4-4 3
5 «Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ) 2 0 0 1 5-6 3
6 «Бешкент» (Н.Хусрав) 2 0 0 1 0-11 0
7 «Сомон» (Қабодиён) 0 0 0 0 0-0 0

Нишонзанҳо: Муҳаммад АБДУРАҲМОНОВ («Коммуна») – 3 гол, Аҳлиддин ЗОИРОВ («Арал»), Манучеҳр БЕКОВ («Сарҳадчӣ»), Мурод САЛОМОВ, Эроншо РАВЕНОВ (ҳар ду аз “Дӯстӣ”) – ду голӣ.

 

Минтақаи Суғд

Даври 1-ум

«Шаҳристон» – «Ашт» – 3:5

«Зафаробод» – «Спитамен» – 0:2

«Оли Сомон» – «Қайроққум» – 3:1

Даври 2-юм

«Оли Сомон» – «Ҷавонӣ» – 4:0

«Спитамен» – «Қайроққум» – 6:2

«Ашт» – «Зафаробод» – 1:3

«Спитамен» – «Шаҳристон» – 3:0

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Спитамен» (Спитамен) 3 3 0 0 11-2 9
2 «Оли Сомон» (Мастчоҳ) 2 2 0 0 7-1 6
3 «Ашт» (Ашт) 2 1 0 1 6-6 3
4 «Зафаробод» (Зафаробод) 2 1 0 0 3-3 3
5 «Шаҳристон» (Шаҳристон) 2 0 0 2 3-8 0
6 «Қайроққум» (Қайроққум) 2 0 0 2 3-9 0
7 «Ҷавонӣ» (Ҷаббор Расулов) 1 0 0 1 0-4 0

Нишонзанҳо: Дилмурод ДОНАЕВ («Ашт»), Фаррух ТУХТАБОЕВ («Стипамен») – 4 голӣ, Қурбонмаҳмад РАҲМАТОВ («Оли Сомон») – 3 гол.

 

Минтақаи Рашт

Даври 2-юм

«Сурхоб» – «Меҳргон» – 1:2

«Рашт» – «Роғун» – 1:1

«Тавилдара» – «Чашма» – 3:4

Даври 3-юм

«Чашма» – «Сурхоб» – 1:4

«Меҳргон» – «Роғун» – 1:1

«Рашт» – «Тавилдара» – 3:2

Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Меҳргон» (Нуробод) 3 2 1 0 7-2 7
2 «Сурхоб» (Ҷиргатол) 3 2 0 1 6-4 6
3 «Роғун» (Роғун) 3 1 2 0 4-2 5
4 «Рашт» (Рашт) 3 1 1 1 4-4 4
5 «Чашма» (Тоҷикобод) 3 1 0 2 5-10 3
6 «Тавилдара» (Тавилдара) 3 0 0 3 5-9 0

Добавить комментарий