ЛФТ аз ин ба баъд дар бозиҳои чемпионат комиссаронро таъин мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

ЛФТ аз ин ба баъд дар бозиҳои чемпионат комиссаронро таъин мекунад

Сар аз оғози бозиҳои қисми дуюми чемпионат Лигаи футболи Тоҷикистон бо тавсияи Конфедератсияи футболи Осиё дар баробари нозирон дар бозиҳои чемпионати мамлакат байни дастаҳои лигаи олӣ комиссаронро низ таъин мекунад.

Қарори мазкур дар ҷаласаи Шӯрои Комиҷроияи ФФТ қабул карда шуд. Ҳақи хизмати комисаронро Федератсияи футболи Тоҷикистон пардохт мекунад. Харҷҳои сафарбарнамоӣ (хӯрокпулии шабонарӯзӣ, роҳкиро ва маблағи истиқомат) бошад аз ҳисоби клубҳои футбол пардохт мешаванд.

Вазифаи комиссарони Лигаи футболи Тоҷикистон  аз ташкил ва назорати баргузории вохӯриҳо иборат аст. Нозирон бошанд кори ҳайати доваронро баҳогузорӣ мекунанд.

Ёдрас мешавем, ки қисми дуюми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои шанбе ва якшанбеи 6-7 август шурӯъ мешавад. Рӯзи шанбе танҳо як бозӣ доир мешавад. Дар ин рӯз витсе-чемпиони Тоҷикистон «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти»-и Тоҷикистони шаҳри Хуҷанд, чемпиони дукаратаи мамлакат «Равшан»-и Кӯлобро қабул мекунад. Рӯзи якшанбеи 7 август  бошад се бозӣ доир хоҳад шуд. Дар бозии марказии давр, чемпиони амалкунандаи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷуммҳуриявӣ ҷоизадори медалҳои биринҷии мавсими футболи соли гузаштаи мамлакат «Ҳосилот»-и Фархорро қабул мекунад. «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ба Турсунзода ба меҳмонии «Регар-ТадАз» ташриф меорад ва «Парвоз» дар варзишгоҳи «Фурудгоҳ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғаффуров бо КМВА «Помир»-и пойтахт рақобат хоҳад кард. Бозии дигари даври 10-ум байни «Хайр»-и Ваҳдат ва «Барқчӣ»-и Душанбе бо сабаби иштироки дастаи мунтахаби ҷавонони то синни 19 солаи Тоҷикистон дар Ҷоми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ба санаи 17-уми август гузаронида шуд.

 

Добавить комментарий