Дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 7-уми октябр, зери раёсати раиси Кумита Тоҳир Нурзода ҷаласаи навбатии Кумитаи интизомӣ баргузор шуда, дар он қарорҳои зерин қабул шуданд:
– барои вайрон кардани банди 20 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (суханони ношоиста гуфтан нисбати сардовари вохӯрӣ) дар бозии Лигаи олии Тоҷикистон байни дастаҳои “Хайр” — “Парвоз” (25 сентябр), бозигари дастаи “Хайр” Одил Бобоназаров аз ҳуқуқи иштирок кардан дар 3 бозии навбатӣ маҳрум карда шуда ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 20 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (суханони ношоиста гуфтан нисбати сардовари вохӯрӣ) дар бозии Лигаи олии Тоҷикистон байни дастаҳои “Регар-ТадАз” — “Хайр” (17 сентябр), бозигари дастаи “Регар-ТадАз” Аҳтам Ҳамроқулов аз ҳуқуқи иштирок кардан дар 3 бозии навбатӣ маҳрум карда шуда ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 20 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (суханони ношоиста гуфтан нисбати сардовари вохӯрӣ) дар бозии ҷавобии чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои “Хуҷанд” — “Регар-ТадАз” (27 сентябр), бозигари дастаи “Хуҷанд” Марифҷон Марифбоев аз ҳуқуқи иштирок кардан дар 3 бозии навбатӣ маҳрум карда шуда ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 32 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (талош кардан барои расонидани зарари ҷисмонӣ ба сардовари бозӣ) дар бозии Лигаи олии Тоҷикистон байни дастаҳои “Ҳосилот” — КМВА “Помир” (24 сентябр), бозигари дастаи КМВА “Помир” Фурӯғ Қодиров аз ҳуқуқи иштирок кардан дар 3 бозии навбатӣ маҳрум карда шуда ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 16 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (бо корти сурх огоҳонида шудан барои вайрон кардани қоидаи “фоли умеди охирон) дар бозии Лигаи олии Тоҷикистон байни дастаҳои “Вахш” — “Равшан” (18 сентябр), бозигари дастаи “Вахш” Муҳсин Қосимов аз ҳуқуқи иштирок кардан дар 1 бозии навбатӣ маҳрум карда шуда ба маблағи 250 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 13 боби 5 Кодекси интизомии ФФТ (иҷро накардани талаботҳои ҷорӣ оиди варзишгоҳҳо) дар мусобиқаи ҳайатҳои ҷавонони Лигаи олии Тоҷикистон байни дастаҳои КМВА “Помир” — “Барқчӣ” (28 сентябр) дастаи КМВА “Помир” ба маблағи 200 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани қисми 1-и банди 3 боби 6 Кодекси интизомии ФФТ (вайрон кардани талаботҳо оид ба либосҳои бозикунии футболбозон) дар мусобиқаи ҳайатҳои ҷавонони Лигаи олии Тоҷикистон байни дастаҳои “Регар-ТадАз” — “Хайр” (16 сентябр) дастаи “Хайр” ба маблағи 250 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 3 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (дар як бозӣ ду бор бо корти зард огоҳонида шудан) дар мусобиқаи ҳайатҳои ҷавонони Лигаи олии Тоҷикистон байни дастаҳои “Хуҷанд” — “Ҳосилот” (20 сентябр) бозигари дастаи “Хуҷанд” Мирзошариф Ҳасанов аз ҳуқуқи дар як бозии навбатӣ иштирок намудан барканор карда шавад. ба маблағи 200 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 20 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (суханони ношоиста гуфтан нисбати сардовари вохӯрӣ) дар бозии Лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои “Кӯктош” — “Парвин” (21 сентябр), бозигари дастаи “Кӯктош” Муҳаммад Раҳмонов аз Ҳуқуқи иштирок кардан дар 3 бозии навбатӣ маҳрум карда шуда ба маблағи 250 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 10 боби 6 Кодекси интизомии ФФТ (иҷро накардани талаботҳои ҷорӣ оиди иншоотҳои варзишӣ ва мавҷуд набудани тахтаҳои таблиғотӣ дар варзишгоҳ) дар бозии Лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои “Ҳулбук” — “Парвин” (20 сентябр) дастаи “Ҳулбук” ба маблағи 300 сомонӣ ҷарима баста шавад.