Имрӯз, 14 август, дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти раёсати Тоҳир Нурзода ҷаласаи навбатии Кумитаи интизомӣ баргузор шуд, ки дар он қарорҳои зерин қабул шуданд:
– Барои дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ КМВА «Помир» – «Далерон-Уротеппа» (8 август), риоя накардани банди 19-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (таҳқири ҳариф), бозигари дастаи «Далерон-Уротеппа» Абдусамад Ҳоҷибоев аз ҳуқуқи дар ду бозии навбатии даста иштирок кардан маҳрум карда шуда, ба маблағи 300 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– Барои дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Парвоз» – «Регар-ТадАЗ» (8 август), риоя накардани банди 19-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (таҳқири ҳариф), бозигари дастаи «Регар-ТадАЗ» Комил Саидов аз ҳуқуқи дар ду бозии навбатии даста иштирок кардан маҳрум карда шуда, ба маблағи 300 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– Барои дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Парвоз» – «Регар-ТадАЗ» (8 август), риоя накардани банди 19-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (таҳқири ҳариф), бозигари дастаи «Парвоз» Собир Эргашев аз ҳуқуқи дар ду бозии навбатии даста иштирок кардан маҳрум карда шуда, ба маблағи 300 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– Барои дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Барқи тоҷик» – «Далерон-Уротеппа» (4 август), риоя накардани банди 26-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (қасдан дағалона бозӣ кардан бо мақсади лат додани рақиб), бозигари дастаи «Барқи тоҷик» Соломон Течи аз ҳуқуқи дар ду бозии навбатии даста иштирок кардан маҳрум карда шуд, ба маблағи 500 (панҷсад) сомонӣ ҷарима баста шавад.
– Барои дар бозии 1/4 финали Ҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои «Истиқлол» – «Хуҷанд» (12 август), халалдор кардани банди 3-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (ду маротиба дар як бозӣ бо корти зард огоҳонида шудан), бозигари дастаи «Хуҷанд» Манучеҳр Аҳмадов аз ҳуқуқи дар як бозии навбатии даста иштирок кардан маҳрум карда шуда, ба маблағи 300 (сесад) сомонӣ ҷарима баста шавад.
– Барои дар бозии мусобиқаи лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои «Канд» – «Локомотив» (9 август), риоя накардани банди 24-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (зарба задан ба рӯи бозигари ҳариф), бозигари дастаи «Локомоттв» Рустам Ғуломов аз ҳуқуқи дар се бозии навбатии даста иштирок кардан маҳрум карда шуд, ба маблағи 300 (сеҷсад) сомонӣ ҷарима баста шавад.
– Барои дар бозии мусобиқаи лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои «Канд» – «Локомотив» (9 август), риоя накардани банди 24-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (зарба задан ба рӯи бозигари ҳариф), бозигари дастаи «Канд» Азиз Ҳамробоев аз ҳуқуқи дар се бозии навбатии даста иштирок кардан маҳрум карда шуд, ба маблағи 300 (сеҷсад) сомонӣ ҷарима баста шавад.
– Барои дар мусобиқаи ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон байни «Парвоз» – «Регар-ТадАЗ» (7 август), риоя накардани банди 26-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (қасдан дағалона бозӣ кардан бо мақсади лат додани рақиб), бозигари дастаи «Регар-ТадАЗ» Абдуҳаким Саидзода аз ҳуқуқи дар ду бозии навбатии даста иштирок кардан маҳрум карда шавад.
– Барои дар бозии якуми марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои футболи «Чашма» – «Регар-ТадАЗ» (26 июл), риоя накардани банди 26-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (ҷиддӣ вайрон кардани қоидаҳои бозӣ), бозигари дастаи «Чашма» Азизҷон Холматов аз ҳуқуқи дар ду бозии навбатии даста иштирок кардан маҳрум карда шуда, ба маблағи 250 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– Барои дар бозии ҷавобии марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои «Регар-ТадАЗ» – «Чашма» (5 август), риоя накардани банди 20-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (таҳқири ҳайати доварон), бозигари дастаи «Чашма» Худойбахш Ҳасанов аз ҳуқуқи дар ду бозии навбатии даста иштирок кардан маҳрум карда шуда, ба маблағи 250 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– Барои дар бозии лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои «Зарафшон» – «Эсхата» 8 август), риоя накардани банди 21-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (қасдан тела додани ҳариф), бозигари дастаи «Зарафшон» Хайём Усмонов аз ҳуқуқи иштирок дар ду бозии навбатии даста маҳрум карда шуда, ба маблағи 100 (сад) сомонӣ ҷарима баста шавад.
– Барои дар бозии Лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои «Зарафшон» – «Эсхата» 8 август), риоя накардани банди 21-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (қасдан тела додани ҳариф), бозигари дастаи «Эсхата» Нарзулло Раҷабов аз ҳуқуқи иштирок дар ду бозии навбатии даста маҳрум карда шуда, ба маблағи 100 (сад) сомонӣ ҷарима баста шавад.