Кумитаи интизомӣ бозигари “Ҳулбук”-ро барои як сол аз футбол барканор кард – Федерация Футбола Таджикистана

Кумитаи интизомӣ бозигари “Ҳулбук”-ро барои як сол аз футбол барканор кард

Бо қарори Кумитаи интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон бозигари дастаи футболи “Ҳулбук”-и Восе Шӯҳрат Раҳмонов барои як сол аз иштирок дар ҳама гуна мусобиқаҳои футболие, ки аз ҷониби ФФТ ташкил мешаванд, барканор шуд. Кумитаи интизомӣ ин ҷазоро ба Шӯҳрат Раҳмонов, барои дар бозии лигаи якуми Тоҷикистон ба муқобили “Эсхата” сардоварро латукӯб карданаш раво донист.

Дар ҷаласаи навбатии Кумитаи интизоми ФФТ қарорҳои зерин қабул шуданд:

– Барои дар бозии сабқати Лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои «Ҳулбук» – «Эсхата» (3 октябр), риоя накардани банди 12-и боби 5-и Кодекси интизомии ФФТ (таъмин нагардидани тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии ҳайати доварон дар варзишгоҳ), варзишгоҳи бозиҳои хонагии дастаи “Ҳулбук” аз гузаронидани як бозии навбатӣ маҳрум карда шавад.

– Барои дар бозии сабқати Лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои «Ҳулбук» – «Эсхата» (3 октябр), риоя накардани банди 33-и боби 7-и Кодекси интизомии ФФТ (латукӯб кардани довари бозӣ), бозигари дастаи “Ҳулбук”  Шӯҳрат Раҳмонов барои як сол аз иштирок намудан дар тамоми мусобиқаҳое, ки аз ҷониби ФФТ ташкил мешаванд маҳрум карда шуда, ба маблағи 1000 (ҳазор) сомонӣ ҷарима баста шавад.

– Барои дар бозии ҷавобии нимфиналии Ҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” – КМВА “Помир” (1 октябр), риоя накардани банди 23-и боби 7-и Кодекси интизомии ФФТ (бо пой зарба задан ба ҳариф), бозигари дастаи “Регар-ТадАЗ” Комрон Турсунов аз ҳуқуқи иштирок кардан дар ду бозии навбатии даста маҳрум карда шуда, ба маблағи 500 (панҷсад) сомонӣ ҷарима баста шавад.

Добавить комментарий