Кумитаи интизомии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки таҳти раёсати раиси кумита Тоҳир Нурзода доир шуд, қарор кард, ки бозигари дастаи “Саройкамар” Иброҳим Муҳтоҷзодаро барои як сол аз футбол барканор намояд. Кумитаи интизомӣ ин ҳукми сахтро нисбати Муҳтоҷзода, барои довари қӯрғонтеппагӣ Умед Раҳимовро дар бозӣ бо “Зарафшон” латукӯб карданаш раво донист.
Дар ҷаласаи навбатии Кумитаи интизоми ФФТ, инчунин қарорҳои зерин қабул шуданд:
— Барои дар бозии сабқати Лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои «Панҷшер» — «Чашма» (19 сентябр), риоя накардани банди 2-и боби 6-и Кодекси интизомии ФФТ (таҳқири намояндагони расмии ФФТ), сардори дастаи «Чашма» Рустам Аҳмадов то охири мавсими имсола аз ҳуқуқи иштирок кардан дар мусобиқа маҳрум карда шуда, ба маблағи 1000 (ҳазор) сомонӣ ҷарима баста шавад.
— Барои дар бозии сабқати Лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои «Панҷшер» — «Чашма» (19 сентябр), риоя накардани банди 5-и боби 6-и Кодекси интизомии ФФТ (худсарона тарк кардани майдон ва худдорӣ кардан аз идомаи бозӣ), ба дастаи «Панҷшер» бохти техникӣ бо ҳисоби 0:2 ҳисобида шуда, инчунин даста ба маблағи 1000 (ҳазор) сомонӣ ҷарима баста шавад.
— Барои дар бозии сабқати Лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои «Саройкамар» — «Зарафшон» (26 сентябр), риоя накардани банди 33-и боби 7-и Кодекси интизомии ФФТ (латукӯб кардани сардовари бозӣ), бозигари дастаи «Саройкамар» Иброҳим Муҳтоҷзода барои як сол аз футбол барканор карда шуда, ба маблағи 1000 (ҳазор) сомонӣ ҷарима баста шавад.
— Барои дар бозии сабқати Лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои «Саройкамар» — «Зарафшон» (26 сентябр), риоя накардани банди 33-и боби 7-и Кодекси интизомии ФФТ (латукӯб кардани сардовари бозӣ), бозигари дастаи «Саройкамар» Ҳусейн Якубов аз ҳуқуқи иштирок кардан дар даҳ бозии навбатӣ барканор карда шуда, ба маблағи 1000 (ҳазор) сомонӣ ҷарима баста шавад.
— Барои дар бозии сабқати Лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои «Саройкамар» — «Зарафшон» (26 сентябр), риоя накардани банди 19-и боби 7-и Кодекси интизомии ФФТ (таҳқири ҳайати доварони бозӣ), бозигари дастаи «Зарафшон» Азам Муродов аз ҳуқуқи иштирок кардан дар ду бозии навбатӣ барканор карда шуда, ба маблағи 150 (як саду панҷоҳ) сомонӣ ҷарима баста шавад.
— Барои дар бозии сабқати Лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои «Саройкамар» — «Зарафшон» (26 сентябр), риоя накардани банди 20-и боби 7-и Кодекси интизомии ФФТ (таҳқири довари бозӣ), бозигари дастаи «Зарафшон» А. Негматуллоев аз ҳуқуқи иштирок кардан дар се бозии навбатӣ барканор карда шуда, ба маблағи 250 (ду саду панҷоҳ) сомонӣ ҷарима баста шавад.
— Барои дар мусобиқаи ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон байни «Далерон-Уротеппа» — «Хуҷанд (25 сентябр), риоя накардани банди 24-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (бо даст зарба задан ба бозигари дастаи рақиб), бозигари дастаи «Далерон-Уротеппа» М. Ҳасанов аз ҳуқуқи дар се бозии навбатии даста иштирок кардан маҳрум карда шавад.