Кумитаи Иҷроияи ФФТ натиҷаи мавсими футболи кишварро ҷамъбаст кард – Федерация Футбола Таджикистана

Кумитаи Иҷроияи ФФТ натиҷаи мавсими футболи кишварро ҷамъбаст кард

Дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон имрӯз, 3 декабр, ҷаласаи Кумитаи иҷроияи баргузор шуд. Дар ҷаласа натоиҷи мавсими имсолаи футболи мамлакат ҷамъбаст шуд.

Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроия ҳисоботи ноиби аввали президент ва дабири кулли ФФТ Хуршед Мирзоев оиди фаъолияти Федератсияи футболи мамлакат дар соли ҷорӣ шунида шуда, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Хуршед Мирзоев дар баромади худ қайд карданд, ки дар соли 2015 ҷиҳати рушду инкишофи футбол дар кишвар чораву тадбирҳои зиёде андешида, нақшаи кории солона пурра амалӣ гардонида шуд.

«Дар ин давра, бахусус оиди рушду инкишофи футболи кӯдакону наврасон ва оммавӣ гардонидани бозии футбол дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуд. Инчунин ҷиҳати омодагии мақсаднок ва баромади бомуваффақияти дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаҳои расмии байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Дар соли 2015 дар Тоҷикистон 35 сабқати байналмилалӣ ташкил карда шуд. Мунтахаби миллии Тоҷикистон дар ин сол дар Душанбе чор бозӣ гузаронид, ки аз ин – се бозӣ дар доираи марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 ва як бозӣ – вохӯрии дӯстона бо мунтахаби милии Сурия буд. Дар ин сол марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 бо иштироки мунтахаби ҷавонон дар Душанбе ва марҳилаи интихобии чемпионати футзали Осиё-2016 дар Хуҷанд ташкилу баргузор гардонида шуд. Хушбахтона, ҳам дастаи мунтахаби ҷавонони зери 19-сола ва ҳам дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 шуданд. Моҳи майи соли ҷорӣ бори аввал дар таърихи футболи кишвар Фестивали байналмилалии КФО барои мунтахабҳои наврасони зери 14-сола дар Алмосӣ баргузор шуд, ки дар он ҳафт мунтахаби наврасон кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ иштирок карданд.

Дар доираи Ҷоми КФО бошад, имсол дар Душанбе ҳафт бозии байналмилалӣ доир гардид. Бошгоҳҳои футбол аз кашварҳои Ироқ, Кувайт, Туркманистон, Сурия ва Малайзия ба Душанбе омаданд. Чемпиони феълии Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе дар соли авали баромади худ дар ин мусобиқа ба финали Ҷоми АФК роҳ ёфт. Ташкилу баргузории бозии ниҳоӣ дар Душанбе аз ҷониби Конфедератсияи футболи Осиё баҳои баланд гирифт», – қайд намуд Хуршед Мирзоев.

Аз ҷониби аъзоёни Кумитаи Иҷроия фаъолияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли 2015 баланд арзёбӣ шуд.

Дар ҷаласи Кумитаи Иҷроияи санаи баргузории Конференсияи ҳисоботӣ-интихобии Федератсияи футболи Тоҷикистон таъин карда шуд. 15 январи соли оянда дар Душанбе Конференсияи ҳисоботӣ-интихобии Федератсияи футболи Тоҷикистон доир мешавад.

Добавить комментарий