Чемпиони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе боинтизомтарин командаи Ҷоми КФО-2015 эътироф гардида, соҳиби ҷоизаи «Fair play» (Бозии одилона) шуд.
Ҷоизаи фахриро баъд аз анҷоми бозии финалии Ҷоми КФО-2015, ки рӯзи 31 октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ байни «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Ҷоҳор Дарул Такзим» (Малайзия) (0:1) баргузор гардид, ба капитани «Истиқлол» Дилшод Восиев ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзоев супорид.
Ҷоизаи мазкур ба дастае супорида мешавад, ки бозигаронаш нисбати бозигарони дигар дастаҳо бо кортҳои зарду сурх камтар огоҳонида шуда, ба бозигарони дастаи ҳариф, ҳайати хизматрасони бозиҳо, шахсони расмӣ ва ҳамчунин мухлисон эҳтиромона муносибат кардаанд.
«Истиқлол» дар ҷадвали «Fair play» 35,61 имтиёзро соҳиб шуд, ки нисбат ба барандаи Ҷоми КФО-2015 «Ҷоҳор Дарул Такзим»-и Малайзия 5, 86 имтиёз зиёдтар мебошад. Ҷои сеюмро дар ин ҷадвал якбора ду бошгоҳи футболи Кувайт – «Ал-Кадсия» ва СК «Кувайт» бо 27,50 имтиёзӣ ишғол мекунанд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки ин ҷоизаи дуюми «Fair play»-и чемпиони мо мебошад. Се сол қабл дар сабқати байналмилали Ҷоми президенти КФО-2012 дастаи «Истиқлол» ин ҷоизаро барои бори аввал ишғол карда буд.