Дар арафаи бозии дӯстона байни «Истиқлол»-и Душанбе ва «Локомотив»-и Москва, дар меҳмонхонаи «Сирена» нишасти хабарӣ бо иштироки сармураббиёни дастаҳо баргузор шуд. Чун анъана, аввалӣ шуда ба суолҳои хабарнигорон сармураббии «Локомотив» Игор Черевченко ва ниммуҳофизи роҳиоҳанчиён Алан Касаев ҷавоб доданд.
Игор Черевченко, сармураббии «Локомотив»:
– Мо бо ҳайати пурқуввати худ ба ин ҷо омадем ва мақсади асосиямон пеш аз ҳама бозии хуб нишон додан аст. Мо танҳо чор нафар бозигаронамонро, ки дар ҳайати мунтахабҳои худ дар Ҷоми Аврупо-2016 баромад доранд, ба Душанбе наовардем. Дар ҳайати имрӯзаи дастаи мо 26 бозигар шомил аст ва ҳар яки онҳо метавонад аз дақиқаҳои аввал вориди майдон шавад. Аз рӯи тартиби бозикунӣ бозӣ бо «Истиқлол» барои мо тамрин аст. Аммо умед дорам, ки мухлисон аз ин бозӣ таассуроти нек мебардоранд. Дар ҳайати «Локомотив» ҳама вақт бачаҳое бозӣ карданд ва мекунанд, ки баромадашон аз Тоҷикистон аст. Айни замон дар мо онҳо ду нафар – Алан Касаев ва Ҷамшед Раҳмонов ҳастанд, ки Тоҷикистон барояшон кишвари бегона нест. Ман бо роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон, президенти «Истиқлол», сармураббӣ даста ва директории Академияи футболи «Истиқлол» бисёр дар муносибати хуб ҳастем. Дар бораи нақшаҳои оянда машварату муҳокимаҳо хеле зиёданд ва вақт ҳамаи инро нишон хоҳад дод. Ман ба қарибӣ дар ин ҷо мусобиқа ба хотираи гиромидошти падарамро гузаронидам. Бо роҳбарият ва ситоди мураббиёни «Истиқлол», сафири Россия дар Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доштам. Баъдан оиди ин бозӣ бо роҳбарияти клуби футболи «Локомотив» сӯҳбат кардам. Ва хеле шодам, ки нақшаи мо амалӣ шуду мо ин ҷо ҳастем. Боварӣ дораем, ки бозии имрӯза иди ҳақиқии футбол мешавад.
Алан Касаев, ниммуҳофизи «Локомотив»:
– Пеш аз ҳама мехоҳам ба роҳбарияти «Истиқлол» барои истиқболи гармашон изҳори сипосгузорӣ намоям. Роҳ камтар дароз ва он қадар осон набуд, аммо мо вақт ёфта истироҳат кардем ва то бозӣ ҳоло вақт ҳам дорем. Бозии хубро интизор ҳастем. Мо боварӣ дорем, ки бозии имрӯза иди калони футбол мешавад. Кӯшиш мекунем, ки бозии хуб нишон диҳем.