Рӯзи чоршанбеи 29 июн дар ноҳияи Панҷ маросими ботантанаи ифтитоҳи майдончаи футболбозии сабзааш табиӣ баргузор шуд. Дар маросими ифтитоҳи майдонча раиси ноҳияи Панҷ Маҳмадюнус Сайфуддинзода ва роҳбари департаменти футболи кӯдакону наврасони Федератсияи футболи Тоҷикистон Анваршо Мирзоев иштирок намуданд.
Майдончаи мазкур бо ташаббуси прокурори ноҳия Мирзоалӣ Раҳимзода сохта ба истифода дода шуд. Ҳадаф аз сохтани ин майдонча тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари кӯдакону наврасони ноҳия ба футбол, тарбияи истиеъдодҳои болаёқат барои дастаи асосии ноҳия, пешгирии кӯдакону наврасон аз ҳар гунна амалҳои ношоиста мебошад.
«Умед дорам, ки акнун бачаҳо имконити хубтар тамрин карданро доранд ва истеъдодҳои болаёқат барои дастаи «Саройкамар» маҳз дар ана ҳамин майдонча тарбият мешаванд», – гуфт раиси ноҳияи Панҷ Маҳмадюнус Сайфуддинзода дар баромади худ ҳангоми ифтитоҳи майдончаи футболбозӣ.
Роҳбари департаменти футболи кӯдакону наврасони Федератсияи футболи Тоҷикистон Анваршо Мирзоев низ дар баромади худ муҳимияти ин майдончаро дар тарбияи футболбозони наврас қайд кард. «Майдончаи мазкур ба футболбозони наврас барои такмил додани малакаву маҳорат ва ба зинаи камолот расиданашон мувофиқ аст», – гуфт дар назди ҳозирин Мирзоев.
Баъд аз суханони табрикотӣ дар майдончаи навсохт бозӣ бо иштироки ду дастаи наврасони ноҳия доир шуд.