Конфедератсияи футболи Осиё Тоҷикистонро макони баргузории марҳилаи интихобии чемпионати футзали Осиё-2016 дар Осиёи Марказӣ тасдиқ кард.
Сабқати интихобӣ аз 14 то 16 ноябр дар маҷмааи варзишии “Қасри варзиш”-и Хуҷанд, ки 2670 ҷои нишаст дорад, баргузор хоҳад шуд.
Дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 дар минтақаи Маркази мунтахабҳои миллии футзали Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон ширкат мекунанд. Дастаҳои зинаҳои якуму дуюмро ишғолкарда ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа мебароянд. Марҳилаи ниҳоии чемпионати футзали Осиё-2016 аз 10 то 21 феврал дар Тошканди Узбекистон доир мегардад.