Бегоҳи якшанбеи 7-уми феврал, витсе-чемпиони феълии Тоҷикистон «Хуҷанд»-и Хуҷанд ҷиҳати иштирок дар бозии плей-оффи Ҷоми КФО бо «Аҳлӣ Ал-Халил»-и Фаластин ба хайрият ба Хеврон расид.
Дар Хеврон ҳайати намояндагии клуби футболи тоҷик, дар меҳмонхонаи «Абу Мазен» ҷойгир шуд. Новобаста ба парвозҳои дуру дароз ва мондашавӣ «Хуҷанд» соати 21.00 дар варзишгоҳи «Ал-Ҳусайн» аввалин тамринашро гузаронд. Машғулиятҳо характери барқароршавиро доштанд.
Ба иттилои сомонаи расмии «Хуҷанд», новобаста ба дарозии роҳ ва мондашавӣ бозигарон табъи хушу болида дошта, ба бозӣ пурра омода ҳастанд.
Имрӯз, 8 феврал, чорабиниҳои пеш аз баргузории бозӣ ва инчунин нишасти хабарӣ бо иштироки намояндагони ҳар ду даста доир мешавад. Бегоҳ соати 16.00 ба вақти маҳаллӣ витсе-чемпиони Тоҷикистон дар майдони варзишгоҳи «Дура» тамрини пеш аз бозияшро хоҳад гузаронд.
!довар мешавемм, ки бозии плей-оффи Ҷоми КФО байни «Аҳлӣ Ал- Халил» (Хеврон, Фаластин) ва «Хуҷанд» (Хуҷанд, Тоҷикистон) рӯзи 9 феврал, соати 16.00 ба вақти маҳалӣ (соати 19.00 ба вақти Душанбе) баргузор мегардад. Дар сурати муваффақият дар ин бозӣ, дастаи соҳили Сирдарё дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 ба гурӯҳи «D» ҳамроҳ шуда, бо клубҳои футболи «Ал-Муҳаррак» (Баҳрайн), «Фанҷа» (Уммон) ва «Ал-Ҷайш» (Сурия) рақобат мекунад.