«Газпром», ФФТ ва ДМ ВКД – ғолибони сабқати гиромидошти Александр Кирсанов шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

«Газпром», ФФТ ва ДМ ВКД – ғолибони сабқати гиромидошти Александр Кирсанов шуданд

Дар сабқати анъанавии зимистона оид ба футзал, бахшида ба гиромидошти хотираи Александр Кирсанов, дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар гурӯҳи «Ҳаваскорон» ҷои якумро ишғол кард.

Имрӯз, 27 декабр, дар маҷмааи варзишии «Тоҷикгосстандарт» мусобиқаи ҷумҳуривӣ  оид ба футзал, бахшида ба гиромидошти хотираи бозигари дар гузашта маъруфи дастаҳои футболи «Помир», «Вахш» ва «Ирригатор» Александр Кирсанов ҷамъбаст шуд. Дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки дар гурӯҳи «Ҳаваскорон»-и мусобиқа иштирок дошт, ҷои якумро ишғол намуд. Футзалистони ФФТ дар бозии ниҳоӣ, бо ҳисоби бузурги 7 бар 4 дастаи «Рӯдакӣ»-ро шикаст доданд. Дар гурӯҳи «Собиқадорон» бошад, дастаи футзалбозони Дастгоҳи Марказии ВКД ғолиб шуданд. Милисаҳо дар бозии финалӣ бар дастаи собиқадорони «Истиқлол» тавассути зарбаҳои пеналтӣ бо ҳисоби 3 бар 2 пирӯз шуданд.  Вақти асосии бозӣ мусовӣ ва бидуни гол анҷам ёфт. Дар гурӯҳи «Касбиён» бошад, барои медалҳои тилло дастаҳои «Бонки миллӣ» ва «Газпром» мубориза карданд. Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби баробари 1 бар 1 анҷом ёфт. Дар задани зарбаҳои пеналти бошад, кори бозигарони «Газпром» омад кард ва бо ҳисоби 3 бар 2 ғалаба карданд.

Баъд аз анҷоми бозиҳои финалӣ маросими ботантанаи ҷамъбасти 24-умин мусобиқаи громидошти хотираи Александр Кирсанов баргузор шуд ва дар он ғолибону ҷоизадорон ва беҳтарин бозигарони мусобиқа қадрдонӣ карда шуданд.

Беҳтарин бозигарони мусобиқа инҳо номбар шуданд: дар гурӯҳи «Ҳаваскорон» — Фирӯз Ҳасанов (ФФТ), Хуршед Азизов (СПКиО), Муҳаммадшарифи Саидхӯҷа («Рӯдакӣ»), Далер Акназаров («Динамо»), дар гурӯҳи «Собиқадорон» – Саид Ғаюров (Академияи «Истиқлол»), Ҷалолиддин Маҷидов («Ирригатор»), Раҳматулло Фузайлов («Авиатор»), Сафархон Раҳимов (ДМ ВКД), дар гурӯҳи «Касбиён» – Акбар Муҳаммадов («Бонки миллӣ»), Дилшод Саломов («Газпром») ва Ҷамшед Махсумов («Вавилон»). Ҳамаи номбаршудагон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд. Беҳтарин нишонзани мусобиқа дар гурӯҳи «Собиқадорон» Баҳрулло Давлатов (ДМ ВКД) гардид. Фаъолтарин иштирокчии мусобиқа Тоҷиддин Мираков шинохта шуд. Мукофотро барои голи беҳтарини мусобиқа Азимҷон Раҷабмадов соҳиб шуд.

 

24-ум мусобиқаи анъанавӣ оид ба футзал бахшида ба гиромидошти Александр Кирсанов:

Ҳаваскорон

Бозӣ барои ҷои сеюм

«Динамо» – СПКиО – 4:4. Бо пеналти – 2:0

Финал

ФФТ – «Рӯдакӣ» – 7:4

 

Собиқадорон

Бозӣ барои ҷои сеюм

«Авиатор» – «Ирригатор» – 5:4

Финал

ДМ ВКД – Академияи «Истиқлол» – 0:0. Бо пеналти – 3:2

 

Касбиён

Бозӣ барои ҷои сеюм

«Антикоррупсия» – «Вавилон» – 2:4

Финал

«Бонки миллӣ» – «Газпром» – 1:1. Бо пеналти – 2:3

Добавить комментарий