Ҳарифони мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона дар чамъомади омӯзишӣ-машқии дар Ал-Кувайт муайян шуданд.
Ба иттилои менеҷери мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон Комрон Шодиев, рӯзи чоршанбеи 12 август футзалистони мо бо “Ал-Қадсия”-и Кувайт бозии санҷишӣ мегузаронанд. “Ал-Қадсия”-и Кувайт дар чемпионати бошгоҳии Осиё оид ба футзал дар Исфаҳони Эрон то финали мусобиқа расиданд. Бозӣ соати 12.00 ба вақти Кувайт мутобиқи соати 14.00 бо вақти Душанбе доир мешавад.
Баъдан рӯзҳои 13 ва 15 август шогирдони Ҳусейн Шодиев бо мунтахаби миллии футзали Кувайт ду бозии дӯстона мегузаронанд. Оғози бозиҳо соати 21.00 бо вақти Душанбе.