Футзалистони тоҷик ҷамъомади омӯзиширо дар Кувайт анҷом доданд – Федерация Футбола Таджикистана

Футзалистони тоҷик ҷамъомади омӯзиширо дар Кувайт анҷом доданд

Мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2016 иштирок мекунад, ҷамъомади омӯзишиву машқии худро дар Кувайт анҷом дода ба Душанбе баргашт. Дар марҳилаи гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2016 рақибони мунтхаби футзали тоҷик дастаҳои Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон мебошанд.

Дар рӯзи охирини ҷамъомади омӯзишию машқӣ дар Кувайт мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон бо соҳибони майдон бозии дуюми дӯстонаи худро гузаронид. Ёдовар мешавем, ки ҳамагӣ ду рӯз қабл бозии дӯстонаи ин дастаҳо баргузор шуда, бо ҳисоби 5 бар 2 ба фоидаи футзалистони тоҷик поин шуд. Ин бор бошад, мунтахаби футзали Кувайт беҳтар ҳунарнамоӣ карда, бо ҳисоби 3 бар 1 ғолиб шуд. Голи ягонаи мунтахаби футзали моро бозигари “Бонки миллӣ” Мансур Мамадбабаев ба самар расонд. Мунтхаби футзали тоҷик вохӯрии дуюмро бо соҳибони паркет бо чунин ҳайат оғоз кард: Фирӯз Бекмуродов – Дилшод Расулов, Мансур Мамедбабаев, Ораз Ализода, Шерзод Ҷумаев.

Ба ин тартиб, мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар ҷамъомадҳои омӯзишию машқӣ дар Имороти Муттаҳидаи Араб ва Кувайт панҷ бозии дӯстона гузаронид, ки онҳо бо чунин натиҷаҳо анҷом шуданд: бо мунтахаби миллии футзали  ИМА (3:5 ва 3:3), бо “Ал-Қадсия”-и Кувайт (4:6), бо мунтахаби миллии футзали Кувайт (5:2 ва 1:3).

Добавить комментарий