Футзали Тоҷикистон: сеҳокимиятӣ дар ҷадвали мусобиқа – Федерация Футбола Таджикистана

Футзали Тоҷикистон: сеҳокимиятӣ дар ҷадвали мусобиқа

Якбора се даста – «ДИСИ Инвест», «Соро компания» ва «Сипар» бо 21 имтиёзӣ дар садри ҷадвали Лигаи касбии футзали Тоҷикистон қарор доранд.

Бозиҳои даври навбатӣ рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта доир шуданд. Чемпиони дукаратаи футзали Тоҷикистон «ДИСИ Инвест»-и Душанбе бар «Сипар» бо ҳисоби 3 бар 1 пирӯз шуд. Қисми аввали бозӣ бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи дастаи шаҳри Хуҷанд анҷом ёфт. Дар қиссми дуюм бошад, чемпионҳои амалкунандаи футзали мамлакат ба дарвозаи «Сипар»-и хуҷанд се гол зада, ғалабаи навбатии дасташонро таъмин карданд. Голҳоро аъзоёни дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон Дилшод Саломов, Раҳмоналӣ Шарипов ва Шавкат Ҳалимов ба нишон расонданд.

Витсе-чемпиони футзали Тоҷикистон «Соро компания»-и Душанбе,  дар бозӣ муқобили дебютанти имсолаи Лига дастаи футзали «Сино» бе мушкилӣ ба муваффақият ноил гардид. Шогирдони Елчибек Елчибеков ба дарвозаи «табибони» ҷавон ҳашт гол зада, аз дарвозаи худ ду гол сар доданд.

Дар бозии дигар, «Газпром» бар «Карон» бо ҳисоби 5 бар 3 дастболо шуд. Се голи дастаи ғолибро, собиқ капитани мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон Шерзод Ҷумаев ба самар расонд.

 

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон

«Соро компания» – «Сино» – 8:2

Голҳо: Акбар Ортуқов, 2 (1:0). Фирӯз Сангов, 3 (2:0). Сиёвуш Қаюмов, 8 (3:0). Алиҷон Ҳабибуллоев, 12 (4:0). Алиҷон Ҳабибуллоев, 14 (5:0). Озод Латипов, 17 (5:1). Сиёвуш Қаюмов, 30 (6:1). Рабӣ Рабиев, 31 (6:2). Акбар Ортуқов, 33 (7:2). Сиёвуш Қаюмов, 35 (8:2).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Акбар Ортуқов («Соро компания»).

Сардовар: Холмурод Зардов (Душанбе).

Нозири бозӣ: Фурқат Ахмеджанов (Душанбе).

 

«Карон» – «Газпром» – 3:5

Голҳо: Меҳрубон Тиллозода, 5 (0:1). Шерзод Ҷумаев, 8 (0:2). Ҷавлон Назаров, 24 (1:2). Шерзод Ҷумаев, 28 (1:3). Шерзод Ҷумаев, 36 (1:4). Ҷавлон Назаров, 36 (2:4). Ҷавлон Назаров, 37 (3:4). Меҳрубон Тиллозода, 40 (3:5).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Шерзод Ҷумаев («Газпром»).

Сардовар: Олим Норбоев (Душанбе).

Нозири бозӣ: Сӯҳроб Раҳмонов (Душанбе).

 

«ДИСИ Инвест» – «Сипар» – 3:1

Голҳо: Парвиз Раҳматов, 15 (0:1). Дилшод Саломов, 25 (1:1). Раҳмоналӣ Шарипов, 31 (2:1). Шавкат Ҳалимов, 38 (3:1).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Дилшод Саломов («ДИСИ Инвест»).

Сардовар: Шуҳрат Раҷабов (Душанбе).

Нозири бозӣ: Фурқат Ахмеджанов (Душанбе).

 

  Б Ғ М Б Т И
1 «ДИСИ Инвест» (Душанбе) 7 7 0 0 39-11 21
2 «Соро компания» (Душанбе) 9 7 0 2 42-29 21
3 «Сипар» (Хуҷанд) 12 7 0 5 71-55 21
4 «Газпром» (Душанбе) 7 6 0 1 50-27 18
5 «Карон» (Душанбе) 11 5 0 6 66-62 15
6 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 9 3 0 6 38-51 9
7 «Самандар» (Турсунзода) 11 2 0 9 34-70 6
8 «Сино» (Душанбе) 10 1 0 9 34-69 3

Нишонзанҳо: Шерзод Ҷумаев («Газпром»), Некрӯз Алимаҳмадов («Карон») – 21 голӣ, Файзалӣ Сардоров («Газпром») –19 гол, Меҳрубон Тиллозода («Газпром») – 18 гол.

 

Тақвими бозиҳои даври навбатӣ:

20 август (шанбе)

11:00 – «Газпром» – «ДИСИ Инвест»

21 август (якшанбе)

11:00 – «Соро компания» – «Карон»

12:30 – «Сино» – «Хуҷанд»

Добавить комментарий