Футзал: нахустин бохти «Газпром» аз «Соро компания» дар мавсими имсола – Федерация Футбола Таджикистана

Футзал: нахустин бохти «Газпром» аз «Соро компания» дар мавсими имсола

Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта бозиҳои даври навбатии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон баргузор шуданд.

Дар бозии марказии давр дастаҳои футзали «Соро компания» ва «Газпром» рӯбарӯ шуданд. Бозӣ хеле шавқовару тамошобоб ҷараён гирифта, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи «Соро компания» анҷом ёфт. Аллакай, дар қисми якуми вохӯрӣ футзалистони «Соро компания» ду маротиба дарвозабони «Газпром» Муродулло Алиқуловро маҷбур карданд, ки тӯбро аз тӯри дарвозаи дастааш берун барорад. Дар дақиқаи 13-ум Алиҷон Ҳабибуллоев ва дар дақиқаи 18-ум Сиёвуш Каримов ба задании гол муваффақ шуданд. Дар дақиқаи панҷуми қисми дуюми бозӣ футзалистони «Газпром» ба задании як гол муваффақ шуданд. Голро Шерзод Ҷумаеви соҳибтаҷриба ба ҳадаф расонд.

Ҳафтаи гузашта «Карон»-и Душанбе дар ду бозӣ бар “Сипар”-и Хуҷанд пирӯз гашт. Рӯзи шанбе шогирдони Пайрав Воҳидов бо ҳисоби 7 бар 5 ва як рӯз баъд бо ҳисоби 6 бар 4 ғалаба карданд.

Футзалбозони “Сино”, ки дар соли аввали баромадашон дар Лигаи касбии футзали Тоҷикистон, то ҳол шаҳди ғалабаро начашидаанд, ин бор низ ба мағлубият дучор шуданд. Рӯзи якшанбе “табибон” дар Турсунзода аз “Самандар” бо ҳисоби 2 бар 4 шикаст хӯрданд.

Бозӣ байни чемпиони амалкунандаи футзали Тоҷикистон “ДИСИ Инвест”-и Душанбе ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд ба вақти дигар гузаронида шуд.

Бозиҳои даври навбатӣ рӯзи якшанбеи 7 август доир мешаванд.

 

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон

«Карон» – «Сипар» – 7:5

Голҳо: Музаффар Ҳасанов, 12 (0:1). Файзалӣ Сардоров, 14 (1:1). Некрӯз Алимаҳмадов, 18 (2:1). Некрӯз Алимаҳмадов, 23 (3:1). Паймон Абдулҳусейн, 24 (3:2). Акмал Баҳодуров, 25 (3:3). Некрӯз Алимаҳмадов, 28 (4:3). Ҳотамшоҳ Раҳмонов, 32 (5:3). Умед Мирзораҳимов, 33 (5:4). Некрӯз Алимаҳмадов, 35 (6:4). Некрӯз Алимаҳмадов, 37 (7:4). Музаффар Ҳасанов, 38 (7:5).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Некрӯз Алимаҳмадов («Карон»).

Сардовар: Шӯҳрат Раҷабов (Душанбе).

Нозири бозӣ: Сӯҳроб Раҳмонов (Душанбе).

30 июл. Душанбе. Маҷмааи варзишии «Тоҷикстандарт».

 

«Карон» – «Сипар» – 6:4

Голҳо: Музаффар Ҳасанов, 4 (0:1). Ҳотамшоҳ Раҳмонов, 12 (1:1). Ҳотамшоҳ Раҳмонов, 20 (2:1). Муҳаммад Амирӣ, 20 (2:2). Хотамшоҳ Раҳмонов, 24 (3:2). Паймон Абдулҳусейн, 24 (3:3). Некрӯз Алимаҳмадов, 30 (4:3). Музаффар Ҳасанов, 35 (4:4). Некрӯз Алимаҳмадов, 38 (5:4). Некрӯз Алимаҳмадов, 40 (6:4).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Ҳотамшоҳ Раҳмонов («Карон»).

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

Нозири бозӣ: Сӯҳроб Раҳмонов (Душанбе).

31 июл. Душанбе. Маҷмааи варзишии «Тоҷикстандарт».

 

«Соро компания» – «Газпром» – 2:1

Голҳо: Алиҷон Ҳабибуллоев, 13 (1:0). Сиёвуш Қаюмов, 18 (2:0). Шерзод Ҷумаев, 25 (2:1).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Сиёвуш Қаюмов («Соро Компания»).

Сардовар: Шӯҳрат Раҷабов (Душанбе).

Нозири бозӣ: Фурқат Аҳмадҷонов (Душанбе).

31 июл. Душанбе. Маҷмааи варзишии «Тоҷикстандарт».

 

«Самандар» – «Сино» – 4:2

Голҳо: Холмумин Ҳамроев, 12 (1:0). Низом Махмаев, 14 (2:0). Холмумин Ҳамроев, 18 (3:0). Низом Махмаев, 25 (4:0). Сомон Саидов, 28 (4:1). Сомон Саидов, 34 (4:2).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Низом Махмаев («Самандар»).

Сардовар: Комил Қурбонов (Турсунзаде).

Нозири бозӣ: Акбар Абдуллоев (Душанбе).

31 июл. Турсунзода. Маҷмааи варзишии «Самандар-ХХI».

 

Б Ғ М Б Т И
1 «Соро компания» (Душанбе) 7 6 0 1 30-21 18
2 «Карон» (Душанбе) 8 5 0 3 54- 40 15
3 «Сипар (Хуҷанд) 9 5 0 4 54-44 15
4 «Газпром» (Душанбе) 5 4 0 1 39-20 12
5 «ДИСИ Инвест» (Душанбе) 4 0 0 4 20-8 12
6 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 7 3 0 4 36-35 9
7 «Самандар» (Турсунзода) 10 2 0 8 32-64 6
8 «Сино» (Душанбе) 8 0 0 8 26-59 0

Нишонзанҳо: Некрӯз Алимаҳмадов («Карон») – 20 гол, Файзалӣ Сардоров («Карон») – 15 гол.

 

Тақвими бозиҳои даври навбатӣ:

7 август (якшанбе)

11:00 – «Самандар» – «Сино». Душанбе, маҷмааи варзишии «Тоҷикгосстандарт»

12:30 – «Газпром» – «Соро компания». Душанбе, маҷмааи варзишии «Тоҷикгосстандарт»

«Хуҷанд» – «ДИСИ Инвест». Хуҷанд, маҷмааи варзишии «Қасри варзиш»

«Сипар» – «Карон». Хуҷанд, маҷмааи варзишии «Қасри варзиш»

Добавить комментарий