Федератсияи байналмилалии футбол ( ФИФА) дар сомонаи расмии худ, лавҳа ва сабти видеоиеро оиди студияи телевизиони мобилӣ (ПТС)-и Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷой дод. Дастгоҳи мазкур бо маблағгузории ФИФА, мувофиқи баромаи “Win-Win” (“Бурднок”) дастраси Федератсияи футболи Тоҷикистон шудааст.
Раванди дарёфти роҳҳои даромади устувор бо маблағгузорӣ маҳдуд намешавад. Таҷрибаи зарурии дар ин самт андӯхташуда бошад, барои муайян кардани роҳҳои ҳалли бештари самаранок ва дар амал татбиқ намудани онҳо кӯмак мекунад. Дастрас шудани студияи телевизиони мобилӣ дар Тоҷикистон нақши муҳим дорад. То моҳи апрели соли ҷорӣ Федератсияи футболи Тоҷикистон барои нишон додани бозиҳо берун аз кишвар, студияи телевизиони мобилиро надошт. Акнун бошад, мувофиқи барномаи “Win-Win” (“Бурднок”)-и ФИФА Федератсияи футболи Тоҷикистон соҳиби студияи телевизиони мобилии худ мебошад.
“Мо кӯшиши пайдо кардани усулҳои амалӣ барои рушди кишварҳои футболӣ ва расидани онҳо ба истиқлолияти бештари молиявиро дорем. Ба ин гуна онҳо метавонанд вобаста ба шароити худ дар футбол сармоягузорӣ кунанд, – мефаҳмонад менеҷери барномаҳои тавлиди даромади ФИФА Даниел Кребс. – Мо мушовироне дорем, ки сар аз оғози ҳар як лоиҳа, дар баргузорӣ ва асосноксозии онҳо ширкат менамоянд. Ин ҳам дар ҳоле, ки ФИФА тамоми ҷараён, аз ҷумла натиҷаҳои молиявии барномаҳоро низ назорат мекунад.”
Баъди бештар аз як соли омӯзиши фаннӣ Федератсияи футболи Тоҷикистон имконият пайдо намуд, ки тавассути студияи телевизиони мобилии худ рӯзи 8 сентябр бозии марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 бо чемпиони феълии Осиё, мунтахаби миллии Австралияро ба таври мустақим намоиш диҳад. Ба ғайр аз тавассути шабакаи аввли телевизиони Тоҷикистон ва дар шабакаҳои интернетӣ нишон додани бозӣ, ҳуқуқи намоиши он ба телевизионҳои австралиягӣ фурӯхта шуд.
“Ин як лаҳзаи таърихӣ ва аввалин бозии мо бо меъёрҳои байналмилалӣ буд”, – гуфт роҳбари шӯъбаи маркетинг ва муносибатҳои ҷамъиятии ФФТ Фирӯз Ҳасанов .