Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ҳамаи мухлисоне, ки дар бозии даври чоруми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 байни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Австралия ба Варзишгоҳи марказии Душанбе омада, мунтахаби миллии кишварро дастгирӣ намуданд, изҳори сипосу миннатдорӣ мекунад.
Ба ҳамаи мухлисони мунтахаби миллии Тоҷикистон барои дастгирияшон дар бозӣ бо чемпиони феълии футболи Осиё, мунтахаби Австралия сипосгузории самимонаи худро баён мекунем. Дастгирии ҳамаҷонибаи мухлисони мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозӣ бо ҳарифи пурқуввату номӣ эҳсос мешуд ва ба бозигарони мо тавони нав мебахшид.
Мухлисоне, ки имрӯз дастҷамъонаву якдилона муттаҳид шуда, барои дастгирии тими миллӣ ба Варзишгоҳи марказии Душанбе омаданд, кори худро бо баҳои “аъло” анҷом карданд. Бо вуҷуде, ки дар ин бозӣ мунтахаби мо натиҷаи дилхоҳро ба даст дароварда натавонист, аммо маҳз бо дастгирии мухлисони содиқи худ тавонист, ки бо рақиби пурқуввату тавоно рақобати хуб нишон диҳад. Ташаккури зиёд ба шумо, мухлисони содиқи мунтахаби миллӣ! Шумо воқеан ҳам бозигари дувоздаҳуми ҳайати тими миллӣ ҳастед!!!
Федератсияи футболи Тоҷикистон инчунин ба ҳамаи хадамотҳое, ки дар баргузории бозӣ масъулият дошта, онро дар сатҳи баланд хизматрасонӣ намуданд, миннатдории вежаи худро баён месозад!!!