ФФТ ба кӯдакони Бадахшон 350 тӯб тӯҳфа кард – Федерация Футбола Таджикистана

ФФТ ба кӯдакони Бадахшон 350 тӯб тӯҳфа кард

Федератсияи футболи Тоҷикистон Фестивалҳои футболии навбатияшро дар Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ баргузор намуда, ба кӯдакони ин минтақаи кӯҳии мамлакат 350 дона тӯби футболбозӣ тӯҳфа кард. Фестивалҳои варзишии ФФТ дар ноҳияи Дарвоз ва шаҳри Хоруғ доир шуданд. Ба кӯдакони иштирокчии ин Феситвалҳо 350 адад тӯби “шевролет”-и барномаҳои Asian Football Development Project» ва «One World Play Project»- тақдим шуданд.

Дар ин Фестивалҳо кӯдакон аз ноҳияҳои Хоруғ, Роштқалъа, Рӯшон, Ишкошим, Ванҷ ва Дарвоз  иштирок карданд. Мақсади асосии Федератсияи футболи мамлакат аз баргузории ин чорабиниҳои футболӣ, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии футбол дар байни кӯдакону наврасон ва рушду инкинофи ин намуди зебои варзиш мебошад.

Добавить комментарий