Муҳофизатгари “Газовик”-и Оренбург ва мунтахаби миллии Тоҷикистон Фарҳод Восиев дар арафаи баргузории бозии даври чоруми марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 байни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Австралия ба қароргоҳи мунтахаби миллии Тоҷикистон ҳозир шуд.
Бозӣ рӯзи сешанбеи 8 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, соати 18.00 баргузор мешавад. Айни замон мунтахаби миллии Тоҷикистон зери роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Мубин Эргашев ҳар рӯз дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ тамрин мекунад. Фарҳод Восиев рӯзи ҷумъа ба ҳайати мунтахаби миллӣ пайваст шуда, дар тамрин иштирок намуд. Айни ҳол дар ихтиёри сармураббӣ 23 нафар бозигарон қарор доранд.
Ёдовар месозем, ки баъд аз вохӯрии байни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Австралия, ки рӯзи сешанбеи 8 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ соати 18.00 доир мегардад, инчунин миёни мухлисон бозии лотореяи варзишӣ баргузор мешавад, ки дар он тӯҳфаҳои қимматбаҳо – се адад смартфонҳои Samsung S6 ва ҳамин қадар смарт-соатҳои Samsung Gear S ба бозӣ гузошта мешаванд.