Фалаҳ Ҳассан: “Истиқлол” дастаи хуб ва бисёр пурқувват мебошад” – Федерация Футбола Таджикистана

Фалаҳ Ҳассан: “Истиқлол” дастаи хуб ва бисёр пурқувват мебошад”

Сармураббии клуби футболи “Нафит Ал-Васат”-и Ироқ Фалаҳ Ҳассан дар нишасти хабарӣ иброз намуд, ки бозӣ муқобили “Истиқлол” барои дастаи ӯ саҳлу осон ва оддӣ нест.

 

Фалаҳ Ҳассан, сармураббии “Нафит Ал-Васат:

– Пагоҳ моро ниҳоят бозии муҳим интизор аст. “Истиқлол” – дастаи хуб ва бисёр пурқувват аст. Аз ин рӯ бозии пагоҳ саҳлу осон ва оддӣ нахоҳад шуд. Бозӣ на танҳо барои мо, балки барои “Истиқлол” низ мушкил мешавад. Мо барои соҳиб шудан ба се имтиёз ба ин ҷо омадем. Дар сурати муваффақ шудан имкониятҳои мо барои баромадан аз гурӯҳ хеле хуб мешаванд. Кӯшиш мекунем, ки барои ғолиб шудан бозӣ кунем.

 

Набил Аббос, капитани «Нафит Ал-Васат»:

– Мо дар бозии ҷавобӣ низ мехоҳем бар “Истиқлол” пирӯз шавем. Медонем, ки “Истиқлол” дастаи пурқуввату тавоно аст ва легионерҳои хуб дорад. Аммо мо мехоҳем ҷонибҳои сусти “Истиқлол”-ро истифода карда, дар ин бозӣ ғолиб шавем.

Добавить комментарий