Сармураббии мунтахаби миллии Сурия Фаҷр Иброҳим баъди ғалаба дар бозии дӯстона бар мунтахаби Тоҷикистон (3:2) қаноатмандияшро аз натиҷаи вохӯрӣ чунин баён кард:
«Хеле шодам, ки баъди ғалаба бар Урдун боз бар мунтахаби Тоҷикистон низ пирӯз шудем. Ҳар ду ғалабаро дар сафар ноил шудем, ки аз ин ман хело қаноатмандам. Бозӣ бо Тоҷикистон бом о бисёр душвор шуд, аммо муваффақ шудем, ки имкониятҳоямонро истифода кунем. Ба андешаи ман бозигарони тими милии Тоҷикистон аз лиҳрзи ҷисмонӣ нисбати ба мо беҳтар буданд. Бозигарони мо бошанд пуртаҷрибаанд ва фикр мекунам, ки имрӯз мо аз рӯи дараҷаи касбият ба ғалаба расидем. Се гол задем ва метавонистем, ки боз гол занем. Ду маротиба зарбаи бозигаронамон ба паҳлучӯби дарвоза бархӯрд. Новобаста ба ҳавои боронӣ имрӯз ҳар ду даста имконияти зиёди голзанӣ доштанд. Голи якуми Тоҷикистон бисёр зебо буд. Дар голи дуюм бошад, дарвозабони мо ба иштибоҳ роҳ дод. Дар ин бозӣ дастаи мо нисбат ба рақибамон пурқувваттар буд. Футболбозони мо, ки дар бошгоҳҳои футболи хориҷӣ бозӣ мекунанд, таҷрибаи бойи бозии байналмилалӣ касб кардаанд. Мо ба Тоҷикистон барои пирӯзӣ омадем ва ба хона бо табъи болида бармегардем. Бори дигар мехоҳам ба Федератсияи футболи Тоҷикистон барои меҳмоннавозии гарму ҷӯшон изҳори сипос намоям. Аз дастаи ҳариф ба ман бозии бозигарони рақами 8 (Нуриддин Давронов) ва рақами 6 (Давронҷон Эргашев) бисёр писанд омад».