Эрон, Ҳиндустон ва Шри-Ланка – рақибони наврасони Тоҷикистон дар Фестивали КФО – Федерация Футбола Таджикистана

Эрон, Ҳиндустон ва Шри-Ланка – рақибони наврасони Тоҷикистон дар Фестивали КФО

Рӯзи панҷшанбеи 22 май дар базаи Академияи футболи “Истиқлол” воқеъ дар шаҳраки Алмосии ноҳияи Ҳисор Фестивали минтақавии Конфедератсияи футболи Осиё оғоз меёбад. Дар Фестивал дастаҳои мунтахаби зери 14-солаи Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Шри-Ланка, Непал ва Покистон иштирок мекунанд.

Имрӯз, 21 май, дар конфронс-толори Академияи футболи “Истиқлол” ҷаласаи ҳамоҳангсозӣ бо намояндагони дастаҳои иштирокчӣ доир гардид. Ҳамоҳангсози генералии Фестивали КФО дар Тоҷикистон доктор Шамил Камил Муҳаммад Ал-Джаджани аз Ироқ, дар назди ҳозирон баромад намуда қайд кард: “Тоҷикистон бори аввал аст, ки мизбони Фестивали КФО мешавад. Ман боварӣ дорам, ки он дар маҷмӯ дар сатҳи хеле баланд ташкилу баргузор карда мешавад. Мақсади асосӣ аз баргузории Фестивал на ин ки натиҷаи бозиҳо, балки омода намудани бозигарони наврас ба мусобиқаҳои баъдии КФО мебошад. Мехоҳам ёдовар созам, ки дар Фестивал ғолибу мағлуб нест. Ба ҳамаи дастаҳои иштирокчӣ медалҳои хотиравӣ супорида мешавад. Бозиҳоро довароне, ки панҷ рӯз қабл аз оғози Фестивал зери роҳбарии дастурдиҳандагони ботаҷриба дар курси махсус иштирок кардаанд, хизматрасонӣ мекунанд”.

_DSC0734_DSC0743_DSC0783Сардори шӯъбаи футболи кӯдакону наврасони Федератсияи футболи Тоҷикистон Анваршо Мирзоев низ дар назди иштирокчиёни Фестивал баромад карда, аз ҷумла чунин гуфт: “Ман аз номи роҳбарияти ФФТ ҳамаи шуморо ҷиҳати ташриф оварданатон ба Тоҷикистон хайра мақдам мегӯям. Мо бисёр хурсандем, ки Конфедератсияи футболи Осиё дар барои дар Тоҷикстон баргузор шудани ин чорабинӣ мусоидат кард. Ташаккур барои боварияшон. Мо аз ҷониби худ кӯшиш мекунем, ки барои иштирокчиён тамоми имкониятҳоро фароҳам созем. Боварӣ дорам, ки таҷрибаи дар ин Фестивал андӯхтаатон барои иштирок дар мусобиқаҳои баъдии Конфедератсияи футболи Осиё мусоидат хоҳад кард. Ба ҳамаи иштирокчиён бозии хубу зеборо таманно намуда, орзу мекунам, ки аз Тоҷикитони мо ба шумо хотираи нек бимонад”.

Баъдан қуръакашӣ баргузор шуда, дастаҳоро ба гурӯҳҳо тақсим кард. Ба гурӯҳи “А” мунтахабҳои наврасони Тоҷикистон, Эрон, Шри-Ланка ва Ҳиндустон ва ба гурӯҳи “Б” мунтахабҳои наврасони зери 14 солаи Афғонистон, Непал ва Покистон шомил шуданд.

Бозии ифтитоҳии худро дар доираи ин Фестивал мунтахаби наврасони зери 14 солаи Тоҷикистон рӯзи 22 май бо ҳамсолони худ аз Эрон мегузаронад. Бозӣ соати 10.30 оғоз мешава. Ним соат пеш аз шурӯи бозӣ маросими ифтитоҳи Фестивал баргузор мегардад.

Дар даври дуюм, ки рӯзи 23 май доир мешавад, футболбозони навраси мо бо мунтахаби наврасони Ҳиндустон вориди рақобат мешаванд. Оғози ин вохӯрӣ соати 17.30 ба нақша гирифта шудаст. Дар даври ҷамъбастӣ, ки рӯзи душанбеи 25 май доир мешавад, шогирдони Носир Ҳамидов бо мунтахаби наврасони Шри-Ланка бозӣ мекунанд. Оғози ин вохӯрӣ соати 16.30

Ёдовар месозем, ки ҳамаи бозиҳои Фестивал дар майдони футболбозии сабзааш табиии Академияи футболи “Истиқлол” доир мешаванд. Давомнокии бозиҳо ду қисми иборат аз 30 дақиқагӣ.

Фестивали минтақавии КФО U-14) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ

Натиҷаи қуръакашӣ:

Гурӯҳи «А»: ТОҶИКИСТОН, Шри-Ланка, Ҳиндустон, Эрон.

Гурӯҳи «В»: Афғонистон, Непал, Покистон.

 

Тақвими бозиҳо:

Даври 1-ум

22 май (ҷумъа)

10.30 – ТОҶИКИСТОН – Эрон

16.00 – Непал – Покистон

17.30 – Шри-Ланка – Ҳиндустон

 

Даври 2-юм

23 май (шанбе)

9.30 – Покистон – Афғонистон

16.00 – Эрон – Шри-Ланка

17.30 – Ҳиндустон – ТОҶИКИСТОН

 

Даври 3-юм

25 май (душанбе)

9.30 – Ҳиндустон – Эрон

16.00 – ТОҶИКИСТОН – Шри-Ланка

17.30 – Афғонистон – Непал

 

26 май (сешанбе)

8.30 – 1 «А» – 2 «В»

9.45 – 1 «В» – 2 «А»

11.15 – 3 «А» – 3 «В»

12.30 – Маросими пӯшидашавӣ

Добавить комментарий