Доварону нозирони ду бозии даври понздаҳуми чемпионати Тоҷикистон, ки рӯзи шанбеи 17 октябр баргузор хоҳанд шуд, таъин шуданд. Вохӯрӣ миёни “Вахш” – “Далерон-Уротеппа”-ро довари душанбегӣ Хусрави Сиддиқзод ва бозӣ миёни “Хайр” – “Регар-ТадАЗ”-ро Аъзам Буриев аз Қӯрғонтеппа ҳакамӣ мекунанд.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозиҳои даври 15-ум
17 октябр (шанбе)
Оғози бозиҳо соати 15:00
«ВАХШ» – «ДАЛЕРОН-УРОТЕППА»
Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).
Ёварон: Ҳамза Шоймардонов (Хуросон), Сайвалӣ Турдиев (Қӯрғонтеппа).
Довари эҳтиётӣ: Умед Раҳимов (Қӯрғонтеппа).
Нозири бозӣ: Абдулло Алимов (Ҳамадонӣ).
Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор»
«ХАЙР» – «РЕГАР-ТАДАЗ»
Сардовар: Аъзам Буриев (Қӯрғонтеппа).
Ёварон: Дилшод Назипов (Ҳисор), Исматулло Муминов (Хуросон).
Довари эҳтиётӣ: Вафо Қараев (Шаҳринав).
Нозири бозӣ: Анваршо Мирзоев (Душанбе).
Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр»