Ҳайати хизматгузори бозиҳои якуми ниманиҳои Ҷоми Тоҷикистон таъин шуданд. Бозиҳои мазкур соати 16.00 рӯзи шанбеи 1-уми октябр баргузор мешаванд.
Барандаи феълии Ҷоми миллӣ «Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ «Равшан»-и Кӯлобро қабул мекунад. Сардовари ин бозӣ Сайёд Зайнидинов аз Душанбе таъин шудаст. Дар ноҳияи Фархор бошад, “Ҳосилот” бо “Хуҷанд” вомехӯрад ва ин бозиро Баҳром Саъдуллоев аз Қӯрғонтеппа доварӣ мекунад.
Ҷоми Тоҷикистон. Бозиҳои якуми ниманиҳоӣ
1 октябр (шанбе)
Оғози бозиҳо соати 16:00
«Истиклол» – «Равшан»
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
Ёварон: Акмал Буриев (Турсунзода), Исмоил Нуралиев (Норак).
Довари эҳтиётӣ: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).
Нозири бозӣ: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
«Ҳосилот» – «Хуҷанд»
Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтепа).
Ёварон: Ҳамза Шоймардонов, Исматулло Муминов (ҳарду аз Хуросон).
Довари эҳтиётӣ: Алимирзо Хуҷаев (Қӯрғонтеппа).
Нозири бозӣ: Юсуф Ишматов (Қӯрғонтеппа).
Фархор, Варзишгоҳи марказӣ