Федератсияи футболи Қазоқистон қарор қабул кард, ки мутобтқи он довари дараҷаи миллӣ Галимжан Кенжалиновро аз Остона, аз ҳақи ҳакамӣ намудани ҳама гуна мусобиқаҳои ташкил кардаи худ маҳрум созад.
Ин ҷазоро Федератсия ба Кенжалинов барои доварии ноодилонааш дар бозии даври ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми президенти ин кишвар байни мунтхаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон ва наврасони зери 17-солаи Қазоқистон сазовор донист.
Ёдовар месозем, ки пеналтии ноодилона ба дарвозаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон таъин намудаи Галимжан Кенжалинов дар бозии байни мунтахабҳои наврасони қаблан зикршудаи қазоқу тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми президенти Қазоқистон (2:1) боиси бохти наврасони тоҷик шуд. Ин ноҳақии доварӣ бозӣ дар байни иштирокчиёни мусобиқа, корбарони интернет ва ҳамчунин тавассути ВАО баҳси бузургеро барангехт.
Ба иттилои торнамои расмии Федератсияи футболи Қазоқистон, бо қарори Департаменти доварону нозирони ФФҚ Кенжалинов аз доварии ҳама гуна мусобиқаҳое, ки аз ҷониби онҳо ташкил карда мешавад, барканор карда шуд.
“Департаменти доварону нозирон дар якҷоягӣ бо Федератсияи футболи Қазоқистон барои баланд бардоштани сатҳи доварии доварони мамлакат ва муаррифии сифати баланди он дар хориҷи кишвар кӯшиш мекунад, – мегӯяд роҳбари Департаменти доварону нозирони ФФҚ Маттео Трефолони. – Надоштани дараҷаи баланди касбияти доварӣ, ки аз ҷониби Кенжалинов дар бозии байни наврасони Қазоқистону Тоҷикистон дар Ҷоми президенти Қазоқистон зоҳир шуд, муқобили ҳама гуна қоидаҳои ахлоқии Департамант аст. Бо ин сабабҳо, баъд аз дида баромадани навори бозӣ, баррасии ҳамаҷонибаи он ва ҳамчунин омӯхтани гузориши нозири бозӣ Департаменти доварону нозирони ФФҚ қарор қабул кард, ки нисбати довари бозӣ ҷазои сахт қабул кунад. Кенжалиев аз доварии ҳама гуна мусобиқаҳои ташкил кардаи Федератсия барканор карда шавад. Ӯ инчунин аз ҳақи фаъолити доварӣ-нозирӣ дар Департамент ва ФФҚ маҳрум карда шуд”.
Ба кадом мӯҳлат барканор шуданиии Кенжалиновро торнамои Федератсияи футболи Қазоқистон хабар намедиҳад, аммо мо умед мебандем, ки ӯ барои якумрӣ аз доварӣ маҳрум карда шудаст.