Доварону нозирони хизматрасони бозиҳои даври навбатии чемпионати Тоҷикистон таъин шуданд. Бозии марказии даврро байни ду дастаи вилояти Суғд – “Далерон-Уротеппа”-и Истаравшан ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд довари қӯрғонтеппагӣ Аъзам Бӯриев ҳакамӣ мекунад.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 14-ум
26 сентябр (шанбе)
Оғози бозиҳо соати 16:00
«ХАЙР» – «БАРҚИ ТОҶИК»
Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).
Ёварон: Рустамбек Хуҷаев (Қабодиён), Ҳамза Шоймардонов (Хуросон).
Довари эҳтиётӣ: Акобир Файзуллозода (Душанбе).
Нозири бозӣ: Эраҷ Носеҳов (Душанбе).
Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр»
«ДАЛЕРОН-УРОТЕППА» – «ХУҶАНД»
Сардовар: Аъзам Бӯриев (Қӯрғонтеппа).
Ёварон: Акмал Бӯриев (Турсунзода), Сайвалӣ Турдиев (Қӯрғонтеппа).
Довари эҳтиётӣ: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).
Нозири бозӣ: Комрон Шодиев (Душанбе).
Истаравшан, варзишгоҳи Марказӣ
27 сентябр (якшанбе)
Оғози бозӣ соати 16:00
КМВА «ПОМИР» – «ПАРВОЗ»
Сардовар: Сайёд Зайниддинов (Душанбе).
Ёварон: Беҳрӯз Муртазоев, Амирҷон Хоркашев (ҳар ду аз Душанбе).
Довари эҳтиётӣ: Эркин Мадибоев (Душанбе).
Нозири бозӣ: Юсуф Ишматов (Қӯрғонтеппа).
Душанбе, варзишгоҳи КМВА Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон