Дастаи собиқадорони «Равшан» -и Кӯлоб аз чемпионати Тоҷикистон барканор карда шуд. Ин қарорро Кумитаи собиқадорони футболи ФФТ қабул кард.
Ин қарор аз ҷониби Кумитаи собиқадорони футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон бо сабаби дар ду бозии сафарӣ бо «Ориён» (17 сентябр) ва «Ҳулбук» (25 сентябр) ҳозир нашудани даста қабул карда шуд. Бо назардошти оне, ки собиқадорони «Равшан» дар камтар аз 50% бозиҳои мусобиқа иштирок кардааст, натиҷаи тамоми бозиҳо бо иштироки даста ба сифр баробар карда мешаванд.
Рӯзҳои истироҳатии ҳафтаи гузашта, дар чемпионати собиқадорон ду бозӣ баргузор шуд, ки дар онҳо собиқадорони «Роҳи тоҷик» бо ҳисоби калони 1 бар 5 аз «Рамис-испечак» шикаст хӯрда, «Хуҷанд» бо ҳисоби 5 бар 0 собиқадорони «Шери Восе»-ро мағлуб кард.
Чемпионати Тоҷикистон байни собиқадорони футбол
«Хуҷанд» – «Шери Восе» – 5:0
«Роҳи тоҷик» – «Рамис-Испечак» – 1:5
И | В | Н | П | М | О | ||
1 | «Рамис-Испечак» (Душанбе) | 6 | 5 | 1 | 0 | 31-9 | 16 |
2 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 5 | 3 | 0 | 2 | 18-11 | 9 |
3 | «Спартак» (Ваҳдат) | 3 | 2 | 1 | 0 | 8-2 | 7 |
4 | «Динамо» (Душанбе) | 3 | 2 | 1 | 0 | 7-5 | 7 |
5 | «Роҳи тоҷик» (Ҳисор) | 5 | 2 | 1 | 2 | 10-12 | 7 |
6 | «Вахш» (Қӯрғонтеппа) | 4 | 0 | 2 | 2 | 11-17 | 2 |
7 | «Шери Восе» (Восе) | 5 | 0 | 1 | 4 | 5-17 | 1 |
8 | «Ориён» (Рӯдакӣ) | 5 | 0 | 1 | 4 | 7-24 | 1 |