Дастаи мунтахаби бонувони Филиппин як вохӯрӣ пеш аз анҷоми бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2018, дар гурӯҳи «А», ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанӣбе идома дорад, ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё 2018 роҳхат гирифт.
Ин дар ҳоле ба амал омад, ки футболбоздухтарони Филиппин дар даври чоруми бозиҳо рақобати худро бо дастаи мунтахаби Баҳрайн бо натиҷаи 1:1 мусовӣ анҷом доданд.
Дар ин давр дастаи мунтахаби Тоҷикистон ягона дастае гардид¸ки ба дарвозаи мизбонони Ҷоми Осиё-2018 –дастаи мунтахаби бонувони Урдун ду гол зад. То ин вохӯрӣ пешсафони гурӯҳ аз ягон даста гол нахӯрда буданд, ки ин ҳам таърих аст ва дар ҷараёни бозиҳои ниҳоӣ расонаҳо борҳо дар бораи ин тӯбҳои задаи Мадинаи Искандарӣ ва Натлия Сотникова ҳарф хоҳанд зад. Хубрӯёни мо дар ин вохӯрӣ бо ҳисоби 10:2 мағлуб шуданд.
Бозии байни дастаҳои мунтахаби Ироқ ва Амороти Муттаҳидаи Араб бо пирӯзии аморотиҳо бо ҳисоби 3:0 ҷамъбаст гардид.
Ба ҳамин тартиб дастаи мунтахаби Филиппин ва Таиланд аз гурӯҳи «С» ҳаққи ширкатро дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё-2018 пайдо намуданд ва ба қатори дастаҳои Япония, Австралия ва Чин ҳамроҳ шуданд.