Дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои собиқадорони футболи ватанӣ идома дорад. Ҳафтаи гузашта бозиҳои даврҳои панҷуму шашуми мусобиқа доир гардида, натиҷаи ғайричашмдоштро ба бор наоварданд.
Яке аз дастаҳои пешсафи мусобиқа «Рамис-Испечак»-и Душанбе, ки асосан аз ҳисоби собиқ бозигарони тими миллии Тоҷикистон таъсис ёфтааст, дар ин ду давр бо «Спартак»-и Ваҳдат мусовӣ ба ҳисоби баробари 1 бар 1 бозӣ карда, инчунин «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби калони 8 бапр 3 шикаст дод. «Рамис-Испечак»-и Душанбе бо 13 имтиёз чун пештара дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад.
Чемпионати Тоҷикистон байни собиқадорон
Даври 5-ум
«Хуҷанд» – «Ориён» – 5:1
«Спартак» – «Рамис-Испечак» – 1:1
«Роҳи тоҷик» – «Ориён» – 3:1
Даври 6-ум
«Рамис-Испечак» – «Вахш» – 8:3
«Шери Восе» – «Роҳи тоҷик» – 1:2
«Динамо» – «Хуҷанд» – 3:2
«Ориён» – «Равшан» – 3:0
И | В | Н | П | М | О | ||
1 | «Рамис-Испечак» (Душанбе) | 5 | 4 | 1 | 0 | 26-8 | 13 |
2 | «Спартак» (Ваҳдат) | 4 | 2 | 2 | 0 | 11-5 | 8 |
3 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 4 | 2 | 0 | 2 | 13-11 | 6 |
4 | «Динамо» (Душанбе) | 3 | 2 | 1 | 0 | 7-5 | 6 |
5 | «Ориён» (Рӯдакӣ) | 6 | 1 | 1 | 4 | 10-24 | 4 |
6 | «Роҳи тоҷик» (Ҳисор) | 5 | 3 | 1 | 1 | 12-9 | 3 |
7 | «Вахш» (Қӯрғонтеппа) | 4 | 0 | 2 | 2 | 11-18 | 2 |
8 | «Равшан» (Кӯлоб) | 3 | 0 | 1 | 2 | 5-9 | 1 |
9 | «Шери Восе» (Восе) | 4 | 0 | 1 | 3 | 4-12 | 1 |