Чемпионати Тоҷикистон: ғалабаи сеюми пайдарҳами чемпион – Федерация Футбола Таджикистана

Чемпионати Тоҷикистон: ғалабаи сеюми пайдарҳами чемпион

Рӯзи 21 апрел дар даври сеюми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, чемпиони ҳафткаратаи Тоҷикистон “Регар-ТадАЗ” дар варзишгоҳи “Металург”-и шаҳри Турсунзода чемпиони феълии мамлакат “Истиқлол”-и Душанберо қабул кард. Бозӣ хеле шавқовару ҷозиб ҷараён гирифта,бо ҳисоби 3 бар 2 ба фоидаи “Истиқлол”-Душанбе анҷом ёфт.

Ҳисоби бозиро дар дақиқаи панҷуми қисми аввали вохӯрӣ соҳибони майдон боз карданд. Голро ҳамлагари металургҳо Комрон Турсунов ба самар расонд. Қисми аввали бозӣ бо ҳамин ҳисоб анҷом ёфт. Баъди танаффус ситоди мураббиёни “Истиқлол” дарҳол се бозигарро иваз намуд. Ба майдон ба ҷои муҳофизон Ҷаҳонгир Ҷалилов, Петро Ковалчук ва Маҳдӣ Ҷоҳҷӯӣ мутаносибан  муҳофиз Аҳтам Назаров ва нимуҳофизон Нозим Бобоҷонов ва Акмал Холматов баромаданд. Дар дақиқаи 49 бозӣ Акмал Холматов аз зарбаи ҷаримавӣ ҳисобро баробар кард. Баъд аз чор дақиқа ҳамлагари “Истиқлол” ва мунтахаби миллии Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов голи дуюми меҳмононро зада, “Истиқлол”-ро ба сафи пеш баровард. Дар дақиқаи 61 муҳофизатгари маркази “Регар-ТадАз” Алишер Шарипов аз хатогии муҳофизони “Истиқлол” истифода карда, боз ҳисобро баробар кард. Баъди чор дақиқа боз Манучеҳр Ҷалилов муваффақ шуд, ки голи дуюми худ ва сеюми дастаашро ба самар расонда, чемпиони феълиро ба пеш барорад. Баъд аз ин ҳар қадаре, ки бозигарони ҳар ду даста кшиш карданд, ҳисоб дар намолавҳаи варзишгоҳ тағйир накард. Ба ин тартиб, дружинаи Мубин Эргашев ғалабаи сеюми пайдарҳами худро дар чемпионати имсола соҳиб шуда, мавқеи пешсафияшро мустаҳкам сохт. Акнун, “Истиқлол” рӯзи 26 апрел дар доираи бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 дар сафар бо “Ал-Файсалӣ” вомехӯрад.

Чор бозии боқимондаи даври сеюми чемпионати Тоҷикистон рӯзҳои 23 ва 24 апрел доир хоҳанд шуд. Рӯзи шанбеи 23 апрел витсе-чемпиони Тоҷикистон “Хуҷанд”-и Хуҷанд дар Варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд дар дербии суғдӣ “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро қабул мекунад. “Хайр” дар ин рӯз, дар варзишгоҳи ҳамноми даста дар шаҳри Ваҳдат бо КМВА “Помир”-и Душанбе дидор мекунад. Рӯзи якшанбеи 24 апрел бошад “Ҳосилот” дар майдони худ бо “Вахш” ва “Барқчӣ” дар майдони эҳтиётии варзишгоҳи марказии Душанбе бо “Равшан” рӯбарӯ мешаванд.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 3-юм

«Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол» – 2:3

Голҳо: Комрон Турсунов, 5 (1:0). Акмал Холматов, 49 (1:1). Манучеҳр Ҷалилов, 53 (1:2). Алишер Шарипов, 61 (2:2). Манучеҳр Ҷалилов, 66 (2:3).

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Владимир Сисоев, Дороб Эргашев, Алишер Шарипов, Бахтиёр Азимов, Акбар Бобомуродов (Меҳроҷиддин Музаффаров, 76), Расул Пайзов, Бахтиёр Чориев, Фирӯз Қараев, Ромиш Ҷалилов, Комрон Турсунов (Фаррух Чориев, 90), Азиз Бегов (Аскар Равшанов, 81).

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Петро Ковалчук (Нозим Бобоҷонов, 46), Сиёвуш Асроров, Ҷаҳонгир Ҷалилов (Аҳтам Назаров, 46), Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ (Акмал Холматов, 46), Парвизҷон Умарбоев, Нуриддин Давронов, Александр Каблаш, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Манучеҳр Ҷалилов.

Огоҳонида шудандБахтиёр Азимов («Регар-ТадАЗ»), Ҷаҳонгир Ҷалилов, Александр Каблаш, Парвизҷон Умарбоев («Истиқлол»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣМанучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд) – 6 хол.

Нозири бозӣШавкат Ахмедов (Душанбе).

21 апрел. Турсунзода. Варзишгоҳи «Металлург». 4000 тамошобинон.

 

23 апрел (шанбе)

Оғоз соати 16:00

«Хуҷанд» – «Парвоз»

Хуҷанд, варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”

 

«Хайр» – КМВА «Помир»

Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр»

 

24 апрел (якшанбе)

Оғоз соати 16:00

«Ҳосилот» – «Вахш»

Фархор, варзишгоҳи Марказӣ

 

«Барқчӣ» – «Равшан»

Душанбе, майдони эҳтиётии варзишгоҳи марказӣ

 

Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 3 3 0 0 11-5 9
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 2 2 0 0 3-1 6
3 «Хайр» (Ваҳдат) 2 1 1 0 4-0 4
4 «Ҳосилот» (Фархор) 2 1 1 0 4-2 4
5 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 3 1 0 2 4-5 3
6 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 2 1 0 1 1-4 3
7 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 2 0 1 1 1-2 1
8 «Барқчӣ» (Душанбе) 2 0 1 1 4-6 1
9 КМВА «Помир» (Душанбе) 2 0 0 2 1-3 0
10 «Равшан» (Кӯлоб) 2 0 0 2 0-6 0

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 4 гол, Агблей Джонес («Хайр»), Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол») – 3 голӣ.

Добавить комментарий