Дастаи мунтахаби футзали ҷавонони Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии чемпионати Осиё -2017 дар Таиланд ба бохти дуюм дучор шуд. Дар даври дуюми мусобиқа командаи Пайрав Воҳидов бозиро бо мунтахаби футзали ҷавонони Ветнам бо ҳисоби 2 бар 4 бохт. Баъди ин бохт ба даври баъдии мусобиқа роҳ ёфтани дастаи мо зери суол қарор дорад.
Голҳои дастаи моро дар ин бозӣ Иқбол Воситзода ва Файзалӣ Сардоров ба самар расонданд. Дар қисми аввали вохӯрӣ бозингарони мунтахаби футзали ҷавонони зери сини 20-и Тоҷикистон Умед Кузиев, ва Файзалӣ Сардоров ду дабл-пеналтиро амалӣ карда натвонистанд.
Дар даври навбатии мусобиқа Тоҷикистон бо Япония рақобат мекунад. Ин бозӣ рӯзи 18 май, соати 15.00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Чемпионати Осиёи-2017 оид ба футзал байни мунтахабҳои ҷавонони зери сини 20 сола
Гурӯҳи «В». Даври 2-юм
ТОҶИКИСТОН – Ветнам – 2:4
Голҳо: Нгуен, 3 (0:1). Лан, 5 (0:2). Иқбол Воситзода, 8 (1:2). Файзалӣ Сардоров, 24 (2:2). Куанг, 30 (2:3). Тнанх, 36 (2:4).
Тоҷикистон (ҳайати ибтидоӣ): Масрур Мамадакимов – Насим Шарипов, Файзалӣ Сардоров (к), Иқбол Воситзода, Умед Кузиев.
Сардовар: Азат Хаджиполатов (Туркманистон).
17 май. Бангкок. Маҷмааи варзишии «Хуа Марк». 100 тамошобин.
15:00 – Индонезия – Тайбэйи Чин
Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И | ||
1 | Япония | 1 | 1 | 0 | 0 | 4-0 | 3 |
2 | Индонезия | 1 | 1 | 0 | 0 | 5-3 | 3 |
3 | Ветнам | 1 | 1 | 0 | 0 | 4-2 | 3 |
4 | ТОҶИКИСТОН | 2 | 0 | 0 | 2 | 5-9 | 0 |
5 | Тайбэйи Чин | 1 | 0 | 0 | 1 | 0-4 | 0 |
Тақвими бозиҳои боқимонда:
Даври 3-юм
18 май (сешанбе)
13:00 – Ветнам – Индонезия
15:00 – Япония – ТОҶИКИСТОН
Даври 4-ум
19 май (ҷумъа)
13:00 – Япония – Индонезия
15:00 – Тайбэйи Чин – Ветнам
Даври 5-ум
20 май (шанбе)
13:00 – ТОҶИКИСТОН – Тайбэйи Чин
15:00 – Ветнам – Япония
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе.