Аввалин мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ барои дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи кишварҳои узви ин Асотсиатсия – «CAFA Cup – U-19» аз 6 то 9 август дар Тошканди Узбекистон бе иштироки мунтахаби ҷавонони Эрон баргузор мегардад. Мунтахаби ҷавонони Эрон дар охирин маврид даст кашидани худро аз иштирок дар ин мусобиқа эълон кард.
Мувофиқи тақвими бозиҳои мусобиқа, рӯзи 7 август, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бояд бо ҳамсолони худ аз Эрон вомехӯрд. Акнун, ки мунтахаби ҷавонони Эрон аз иштирок дар мусобиқа даст кашид, ҷойи онро дар гурӯҳи «В» мунтахаби ҷавонони Узбекистон-1 мегирад. Дар гурӯҳи «А» бошад мунтахабҳои ҷавонони Афғонистон, Қирғизистон ва Узбекистон-2 баромад мекунанд.
Ба ин тартиб, Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ба тақвими баргузории бозиҳои «CAFA Cup – U-19» тағйирот ворид намуд ва мувофиқи он, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон муқобили Туркманистон на чун дар тақвими қаблӣ рӯзи 6 август, балкӣ дар даври ҷамъбастии марҳилаи гурҳӣ рӯзи 8 август, рақобат мекунад.
Мувофиқи низомномаи баргузории мусобиқа дастаҳои ғолиби гурӯҳҳо дар бозии финалӣ, дастаҳои ҷои дуюми гурӯҳҳо барои мақоми сеюм ва дастаҳои зинаҳои охирони гурӯҳҳо барои мақоми таскинбахши панҷум бозӣ мекунанд.
Бозиҳои мусобиқаи байналмилалии «CAFA Cup – U-19» барои кишварҳои иштирокчии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар варзишгоҳҳои «Жар» баргузор хоҳанд шуд.
Қобили қайд аст, ки иштирок дар мусобиқаи байналмилалии «CAFA Cup – U-19» барои мунтахаби ҷавонони то сини 19 солаи Тоҷикистон яке аз марҳалаҳои омодагӣ ҷиҳати иштирок дар даври ниҳоии чемпионати Осиё-2016 маҳсуб меёбад. Марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 дар Манамаи Баҳрайн баргузор мешавад ва мунтахаби ҷавонони мо дар ин мусобиқа, дар гурӯҳи «D» бо мунтахабҳои ҷавонони Узбекистон (15 октябр), Чин (18 октябр) ва Австралия (21 октябр) бозӣ мекунад.