Конфедератсияи футболи Осиё ҷоизапулии Лигаи чемпионҳо ва Ҷоми КФО-ро зиёд кард. Сар аз мавсими нав бунёди ҷоизаи Лигаи чемпионҳо 4,5 миллион ва Ҷоми КФО 1,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод. Ин қарор дар ҷаласаи Кумитаи Иҷроияи КФО, ки рӯзи 27 ноябр дар Деҳлии Ҳиндустон доир гардид, қабул карда шуд.
Имсол ба ғолиби Лигаи чемпионҳои КФО 1,5 миллион ва ба дастаи финалист 750 ҳазор доллари ИМА дода шуд. Сар аз соли оянда ғолиби Лигаи чемпионҳои КФО 3 миллион ва дастаи финалист бошад 1,5 миллион доллари ИМА-ро соҳиб мешавад.
Ғолиби Ҷоми КФО-2016 як миллион ва дастаи финалист 500 ҳазор доллар ба даст медароранд. Қаблан бунёди ҷоизаи Ҷоми КФО 600 ҳазор долларро ташкил медод, ки дастаи ғолиб 350 ҳазор ва дастаи финалист 250 ҳазор доларро соҳиб мешуданд.