Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2015, рӯзи якшанбеи 5-уми апрел, соати 18.00 дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ байни чемпиони феълии мамлакат – «Истиқлол»-и Душанбе ва барандаи медалҳои нуқраи чемпионати соли гузаштаи Тоҷикистон – «Хайр»-и Ваҳдат доир мешавад.
Ин аз рӯи ҳисоб шашумин бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон аст, ки баргузор мегардад. Сардоварӣ бозӣ рефери ФИФА Насрулло Кабиров аз Норак таъин шудаст. Ӯро дар канори майдон Беҳрӯз Муртазоев аз Душанбе ва Ҳамза Шоимардонов аз Хуросон кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётиро Аъзамҷон Буриев аз Қӯрғонтеппа ба ӯҳда дорад.
Ҳаминро қайд мекунем, ки Суперҷоми Тоҷикистон сар аз соли 2010 гузаронида мешавад. «Истиқлол»-и Душанбе ғолиби аввалин ва барандаи феълии Суперҷоми кишвар аст. «Истиқлол» чор маротиба – солҳои 2010, 2011, 2012 ва 2014 Суперҷоми Тоҷикистонро соҳиб шудааст. Ҳамагӣ як маротиба – соли 2013 «Равшан»-и Кӯлоб ғолиби Суперҷоми Тоҷикистон гардидаст.
Ҳамаи бозиҳои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2014):
2010 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:2
2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0
2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2013 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2014 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:5