Вақти оғози бозии даври панҷум марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 дар гурӯҳи “В” байни мунтахабҳои миллии Қирғизистону Тоҷикистон тағийр карда шуд.
Бозӣ соати 20:00 ба вақти Бишкек, ки мутобиқи соати 19:00 ба вақти Душанбе аст оғоз мешавад. Оғози ин бозӣ қаблан соати 18:00 ба вақти Бишкек ба нақша гирифта шуда буд. Дар ин бора ба Федератсияи футболи Тоҷикистон имрӯз аз ФИФА мактуби расмӣ ворид шуд.
Бозӣ миёни мунтахабҳои Қирғизистону Тоҷикистон рӯзи 8 октябр дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқови шаҳри Бишкек доир мешавад. Ин бозиро ҳайати доварон аз Эрон ҳакамӣ мекунанд. Сардовари бозӣ Муд Бониядифари 35 сола, ки сар аз соли 2013 рефери ФИФА аст, таъин шудаст. Ӯро дар канори майдон ҳамватанонаш ёварони рефери ФИФА Ризо Сохандани 41 сола ва Муҳаммадризо Мансури 37 сола кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётиро рефери 35 солаи ФИФА Бежан Ҳайдарӣ бо зимма дорад. Нозири доварони ин вохӯрӣ Валтер Эдвард Перейра аз Ҳиндустон ва комиссари бозӣ Сивакумар аз Сингапур таъин шудаанд.