Бозии финалии Ҷоми Тоҷикистонро Диловаршоҳ Орзуев доварӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Бозии финалии Ҷоми Тоҷикистонро Диловаршоҳ Орзуев доварӣ мекунад

Бозии финалии имсолаи Ҷоми Тоҷикистонро, ки рӯзи шанбеи 28 ноябр, соати 14:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад, бригадаи доварон бо роҳбарии Диловаршоҳ Орзуев аз ноҳияи Ҳисор хизматрасонӣ мекунад.

Орзуевро дар канори майдон ёварони рефери ФИФА Сайедҷон Зайнидинов ва Хусрави Сиддиқзод (ҳар ду аз Душанбе) кӯмак мерасонанд. Вазифаи довари эҳтиётии бозиро Аъзамҷон Буриев аз Қӯрғонтеппа ба зимма дорад. Нозири доварони ин бозӣ роҳбари департаменти футболи кӯдакону наврасон ва оммавии Федератсияи футболи Тоҷикистон Анваршо Мирзоев ва комиссари бозӣ менеҷери Лигаи миллии футболи Тоҷикистон Алишер Урунов таъин шуданд.

Ёдрас мешавем, ки билетҳои воридшавии бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон аз 10 то 50 сомонӣ арзиш доранд. Билетҳои дараҷаи якуми сектори сабзи варзишгоҳ – 50 сомонӣ, билетҳои дараҷаи дуюми ин сектор 20 сомонӣ арзиш доранд. Арзиши белетҳо барои дигар нишастгоҳҳои варзишгоҳ-шимолӣ, ҷанубӣ ва шарқӣ – 10 сомонӣ муқаррар шудаст.

Мухлисони мӯҳтарам! Шуморо ба тамошои бозӣ ба Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ даъват мекунем!!!

1227

Добавить комментарий