Дар Хуҷанд, дар Варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бозии дӯстонаи байни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Сурия мусовӣ ва бидуни гол анҷом ёфт.
Дар бозӣ 7 ҳазор мухлис иштирок дошт. Ёдрас мешавем, ки ин бозиро мунтахаби миллии Тоҷикистон бе иштироки се бозигар-легионери ҳайати асосияш – Нуриддин Давронов, Давронҷон Эргашев ва Парвизҷон Умарбоев гузаронд. Бозиро ҳайати доварон аз Русия бо роҳбарии Алексей Николаев хизматрасонӣ намуданд.
Қобили қайд аст, ки дар бозӣ муқобили Сурия якбора чор нафар бозигарон – Зоир Ҷӯрабоев, Фирӯз Қараев, Муҳамадҷони Ҳасан ва Ойбек Абдуғаффоров барои бори аввал дар ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон баромад карданд.
Бозии дӯстона
ТОҶИКИСТОН – Сурия – 0:0
Тоҷикистон: Абдулазиз Маҳкамов, Эраҷ Раҷабов, Сиёвуш Асроров, Амирбек Ҷӯрабоев, Фаридун Шарипов (Фарҳод Тоҳиров, 54), Зоир Ҷӯрабоев, Фатҳулло Фатҳуллоев (Аҳтам Назаров, 63), Умедҷон Шарипов (Ойбек Абдуғаффоров, 90+2), Нозим Бобоҷонов (Муҳаммадҷони Ҳасан, 70), Фирӯз Қараев, Манучеҳр Ҷалилов (Ҷаҳонгир Эргашев, 63).
Сурия: Алмех Ибрахим (Ахмад Мадани, 65), Омро Ал-Мидани, Ахмад Ал-Салех, Осама Омари (Мохаммад Хамдку, 77), Халед Ал-Мбаид, Моуайд Аладжан, Хусейн Ал-Джаид (Алаа Ал-Шббли, 61), Насух Накдах (Ахмад Ашкар, 90+2), Надим Сабаг (Амро Дженият, 65), Мохаммад Захер, Хамид Мидо (Юсеф Калфа, 56).
Огоҳонида шуд: Нозим Бобоҷонов (Тоҷикистон).
Сардовар: Алексей Николаев (Русия).
Ёварон: Алексей Лебедев, Алексей Воронтсов (ҳарду аз Русия).
Довари эҳтиётӣ: Хуршед Дадобоев (Тоҷикистон).
Нозири доварон: Асрор Шораҷабов (Тоҷикистон).
Комиссари бозӣ: Давлатманд Исломов (Тоҷикистон).
27 август. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷӣкистон». 7000 тамошобин.