Бозии ҷавобии плей-оффи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 байни мунтахабҳои миллии Бангладеш ва Тоҷикистонро, ки рӯзи 7-июн дар Варзишгоҳи Бангабандуи Дакка доир мешавад, ҳайати доварон аз Лубнон ҳакамӣ мекунанд. Оғози бозӣ соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ (16:00) ба вақти Душанбе ба нақша гирифта шудаст.
Сардовари бозӣ рефери 35 солаи ФИФА Ҳуссайн Аббу Яҳаё таъин шудаст. ӯро дар канори майдон ҳамватанонаш ёварони рефери ФИФА Самир Бадрӣ ва Аднан Абдулло, ки ҳар ду сив уду сол доранд, кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётиро рефери 37-солаи ФИФА Алӣ Ризо бар дӯш дорад. Нозири доварон Валтер Эдвард Перейра аз Ҳиндустон ва комиссари бозӣ Рашид Маҳбуб Ал-Досари аз Қатар таъин шуданд.
Ёдрас мешавем, ки бозии аввали плей-офф байни мунтахабҳои Бангладешу Тоҷикистон, ки рӯзи 2 июн дар Варишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд бо ҳисоби калони 5 бар 0 ба фоидаи мунтахаби Тоҷикистон анҷом ёфт.