Бозии даври чоруми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои КМВА «Помир» ва «Истиқлол»-и пойтахт як рӯз ба таъхир гузошта шуд.
Алоқамандона ба иштироки чемпиони феълии Тоҷикистон дар бозии даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2015 бо «Эрбил»-и Ироқ, бозии даври чоруми чемпионати Тоҷикистон миёни КМВА «Помир» – «Истиқлол» як рӯз ба таъхир гузошта шуд. Бозӣ, ки мувофиқи тақвими чемпионат бояд рӯзи якшанбеи 3-юми май баргузор мешуд, ба рӯзи душанбеи 4-уми май гузаронида шуд. «Истиқлол» рӯзи 29-уми апрел дар Дохаи Қатар бо «Эрбил»-и Ироқ бозӣ мекунад ва дертар аз вақти қаблан пешбинишуда ба Душанбе меояд.
Бозии байни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳо бошад, рӯзи якшанбеи 3 май гузаронида мешавад.