Бозигарони мунтахаби миллии Австралия дар арафаи бозии марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 бо мунтахаби Бангладеш тарки тамрин мекунанд.
Ба иттилои ВАО-и австралиягӣ, сабаби тамринҳоро бойкот кардани бозигарон маслиҳатномаи дастҷамъонаи нави байни Федератсияи футболи Австралия ва Ассотсиатсияи футболбозони касбии Австралия баста шуда мебошад. Мунтахаби Австралия рӯзи 3 сентябр дар майдони худ бо Бангладеш ва рӯзи 8 сентябр бо мунтахаби Тоҷикистон дар Душанбе бозӣ мекунад.
“Ман бисёр мушавваш ҳастам. Бе ин ҳам вақти зиёдеро дар ихтиёри худ надорам. Мӯҳлати ба ҳайати мунтахаб омадани бозигарон маҳдуд аст. Дар ҳолати ҳозира бошад, ман ин мӯҳлатро ҳам истифода карда наметавонам. Ба андешаи ман ин хел мавзӯҳоро дар давраи бозиҳои интихобӣ баррасӣ намекунанд. Намешавад, ки ин мушкилотро баъди бозиҳо ҳал кунем?”,- гуфт сармураббии мунтахаби Австралия Ангелос Постекоглу.