Бозиҳои дӯстонаи мунтахаби милли Тоҷикистон бо мунтахабҳои Сурия (27 август), Фаластин (6 сентябр ва 3 октябр) ва Туркманистон (9 ноябр) ба рӯйхати бозиҳои расмии ФИФА ворид карда шуданд.
Қайд мекунем, ки бозии расмии дӯстонаи наздиктарини худро командаи Ҳаким Фузайлов рӯзи 27 август дар Варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд муқобили мунтахаби миллии Сурия мегузаронад. Рӯзи 6 сентябр бошад мунтахаби миллии мо дар сафар бо мунтахаби Фаластин вомехӯрад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Дура»-и Хеврон доир хоҳад шуд. Рӯзи 3-юми октябр бошад, мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Фаластин дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар душанбе вомехӯранд. Бозии дигари дӯстонаи мунтахаби миллии кишвар, рӯзи 9 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ муқобили тими миллии Туркманистон баргузор мегардад.