«Бонки миллӣ» ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми футзали Тоҷикистон баромад – Федерация Футбола Таджикистана

«Бонки миллӣ» ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми футзали Тоҷикистон баромад

Марҳилаи пешакии Ҷоми футзали Тоҷикистон дар минтақаи Душанбе бо ғалабаи дастаи «Бонки миллӣ» анҷом ёфт.

Дар бозии ҳалкунанда барои баромадан ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа дастаҳои «Бонки миллӣ» ва «ДИСИ Инвест-2» вохӯрданд. Бозӣ бисёр шавқовару ҷаззоб доир гардида, бо ҳисоби 5 бар 2 ба фоидаи футзалистони бонки асосии кишвар анҷом ёфт. Дар ин бозӣ чор голи бонкирҳоро Акбар Муҳаммадов ба самар расонд. ӯ аз ҷониби кумитаи тадорукотӣ беҳтарин бозигари вохӯрӣ эътироф шуд.

Футзалистони «ДИСИ Инвест» бошанд, ба ҳайси финалисти мусобиқа ҳуқуқи дар бозиҳои бархӯрдӣ (стыковых матчах) иштирок карданро соҳиб шуданд. Акнун онҳоро ду бозии плей-офф бо дастаи «Сипар»-и Хуҷанд, ки иштирокчии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон мебошад, дар пеш истодааст.

Ҷоми футзали Тоҷикистон. Марҳилаи пешакӣ. Минтақаи Душанбе

«Бонки миллӣ» «ДИСИ Инвест-2» 5:2
Голҳо: А. Муҳаммадов (4), С. Ҳамидӣ – С. Рақибов, Ф. Қодиров.

Добавить комментарий